Шоми бевақти дирӯз, 14 январ дар шабакаҳои иҷтимоии ӯзбекзабон дар бораи гӯё рахна шудани обанбори Қайроққум дар қаламрави Тоҷикистон маълумот нашр шуд.
Дар ин робита Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон изҳорот пахш намуда, ин маълумотро бардурӯғ унвон кард.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар обанбори Қайроққум ҳеҷ гуна ҳодисае рух надода, он бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад.
Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ба мисли Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи кишвари ҳамсоя аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ба овозаҳо бовар накунанд.
Тибқи маълумоти хабаргузории “Кун.уз”-и Ӯзбекистон, овозаҳо дар бораи гӯё рахна шудани сарбанд байни аҳолии чанде аз ноҳияҳои вилояти Сирдарё нигарониву ташвиши зиёде ба бор овардааст.
Гуфта мешавад, бархе аз сокинони ноҳияҳои Сардоб, Мирзообод ва Оқолтин шитобкорона манзилҳои худро тарк карда, дар роҳҳои мошингарди ноҳияҳои зикршуда ҳолатҳои танбашавии нақлиёт ба вуҷуд омадааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чӣ тавр бо YouTube DataViewer метавон видеои аслиро дарёфт?
Чӣ гуна метавон фейкӣ будан ва набудани суратро бо TinEye санҷид?
Ҷаласаи дуюми лоиҳаи “Беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва макони зист дар минтақаи Рашт”
Сатторзода: Ман натавонистам дар солҳои 90-ум бетараф бошам
Гази моеъ дар Тоҷикистон ба шиддат гарон мешавад
Дудмонӣ: ҳукумат дар Суғд ба наҷоти дарахтони ғарқи гул аз сармо пардохт
Аз хушунати Афғонистон гурехту дар Тоҷикистон ба бечорагӣ дармонд. Сарнавишти Сафия 22-сола
Бонки миллӣ хориҷиҳоеро, ки хизматрасонии электронӣ доранд, ба Кумитаи андоз хабар медиҳад
Тоҷикистону БАОР дурнамои ҳамкориҳои соли равонро баррасӣ карданд
Фурудгоҳи Хуҷанд аз ҳукумат барои баргардонии қарзҳояш муҳлат хост
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста