Бобоҷон Азизов, овозхони шинохта ва маъруфи се даҳаи поёни даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон, имрӯз дар синни 70-солагӣ бар асари бморие, ки дошт дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб даргузашт. Дар ин бора Фурқат Саидзода, роҳбари дастаи давлатии Шашмақом дар саҳфаи фейсбукаш хабар додааст.
Қарор аст ҷанозаи марҳум фардо, соати 10.00 дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб баргузор ва дар ҳамон ҷо мадфун шавад.
Бобоҷон Азизов аз овозхонҳои маъруфи солҳои 70-90-уми Тоҷикистон буд, ки соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда буд. Ӯ дар соли 1983 унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва дар соли 1996 Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро барои саҳми чашмгир дар ҳунари овозхонии Тоҷикистон соҳиб шуд.
Хатмкардаи риштаи забону адаби тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буд.
Солҳои зиёде дар Хонаи маданияти шаҳри Кӯлоб ва Театри мусиқӣ-мазҳакаи Кӯлоб ба номи С. Вализода овозхон буд. Аз соли 1989 роҳбари бадеии ансамбли «Навои Хатлон» буд.
Дар эҷоди суруду оҳангҳо сабки хоса дошт. Сурудҳои «Дилҳо нишона карда», «Ёди Ватан», «Ҳарфи дигар мазан», «Нолаи Кова», «Хорӣ макун», «Модар», «Ту ширинлаб» аз шоҳкорҳои ҳунари Бобоҷон Азизов дониста мешаванд.
Бобоҷон Азизов маҳорати хуби ҳунарпешагӣ низ дошт ва дар чанде аз намоишҳо - «Карим Девона», «Хусрав ва Ширин» нақш офаридааст.
Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" даргузашти ин овозхони шинохтаро барои ҷомеаи фарҳангӣ ва аҳли хонаводаи эшон таслият мегӯяд ва барояш ҷаннати баринро орзу мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста