Гузаргоҳҳои зеризаминии Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Истиқлол" дар шаҳри Хуҷанд, ки ба ифтихори 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2016 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд, имрӯз ҳолати ҳузнангезе дорад. Ин Маҷмаа бо харҷи 37 миллион сомонӣ бунёд шуда буд.
Ин иншоот, ки бо номи “Тоҷ” байни шаҳрвандон маъмул аст, дар соҳили рости дарёи Сир бунёд шуда, ба макони истироҳату фароғати шаҳрвандон табдил ёфтааст. Ҳамзамон ин макон ба харитаи сайёҳоне ки ба Хуҷанд меоянд, ворид шудааст.
Девораҳову роҳравҳои ин гузаргоҳ ҳама шикаставу валангоранд Бархе ҷойҳоро кадом масъуле "скотч" часпондаву баъзе қисматҳои харобшударо "фанера" дарбеҳ кардаанд. Аммо дар маҷмӯъ, гузаштан аз ин гузаргоҳи харобу валангор бисёр даҳшатнок аст.
Ин гузаргоҳ ягона роҳи бехатар барои донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б Ғафуров ва ДДҲБСТ маҳсуб меёбад, ки аз он истифода мекунанд.
Тавре хабаргузории давлатии “Ховар” ҳангоми ба баҳрабардорӣ супурдани он иттилоъ дода буд, лоиҳаи иншоот аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Гиитиз» таҳия гардида, маблағи лоиҳавии он 37 миллион сомониро ташкил медиҳад. Баландии маҷмаа 53 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезанад. Дар баландии 21 метри он майдончаҳо барои тамошо сохта шуда, дорои лифтҳои махсус мебошад.
Масоҳати умумии маҷмаа 1 ҳазору 127 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи он толорҳои намоишӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки дар он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҷойгир карда шудааст. Гузаргоҳҳои зеризаминӣ ба толори намоишӣ пайваст шудааст.
Бо гузашти 5 сол гузаргоҳҳои он ба чунин ҳол расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Президент ҳангоми бунёди иншоот аз буҷети давлат таъкид мекунад, ки ба сифати он бояд таваҷҷуҳ кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҷазои сангин. Барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва сарпечӣ аз пардохти пули он кӣ ва чӣ гуна муҷозот мешавад?
Чӣ бояд кард, агар телефонатонро дузданд ва ё он гум шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2025
Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?
Баррасии тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имомгалӣ Тасмагамбетов
Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста