Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 ба баргузории барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва сайругашти идонаи Наврӯз иҷозат дода, чорабиниҳои бузурги идоранро манъ кардааст. Дар ин бора торнамои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон ва арзишҳои миллӣ ба гузаронидани барномаҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврӯз, ба истиснои намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ дар варзишгоҳҳо бо дарназардошти риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ бо дарназардошти риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ иҷозат дода мешавад, аммо ин ниҳод "намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ дар варзишгоҳҳо"-ро манъ кард.
Ин тасмими ин ниҳод дар ҳолест, ки чанде пеш Вазорати фарҳанг ҳам аз манъ шудани таҷлили пурдабдабаи Наврӯз дар соли 2021 ва иштирок накардани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои наврӯзӣ хабар дода буд.
Ситод риояи қоидаҳои беҳдоштиро дар чорабиниҳои Наврӯз ба дӯши вазоратҳои тандурустӣ, корҳои дохилӣ ва ҳукуматҳои маҳалии вилояту шаҳру ноҳияҳо гузоштааст.
Дар хабарномае, ки вазорати тандурустӣ аз номи Ситод нашр кардааст, гуфта мешавад, ки "ҳамзамон аз Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо талаб карда шудааст, ки ҳангоми баргузории чорабиниҳои идона ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд".
«Ситоди ҷумҳуриявӣ бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки сарфи назар аз он ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторони бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашуда бошанд ҳам, қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя кунанд. Зеро дар сурати риояи тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва амалисозии тадбирҳои мушаххас метавон ҳама гуна чорабинӣ ва фаъолияти иншооти гуногуни иҷтимоиро ба роҳ монд, дар акси ҳол натиҷа баръакс хоҳад шуд», - гуфта мешавад дар ин тасмими Ситод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





“Бо "селофан" буғӣ кардаааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари кушташуда дар задухӯрд дар марз бо Афғонистон хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста