Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласае бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ба шуморе аз рӯзноманигорони шимоли кишвар туҳфаву диплом, медалу унвонҳои соҳаваӣ ва ҷоизаи рӯзноманигорони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ супурда шуд, аз рӯзноманигорон даъват кард, ки интиқод ҳам бикунанд.
Аҳмадзода аз он интиқод кард, ки рӯзноманигорон аз таърифкуниҳо, махсусан дар телевизион парҳез кунанд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо рӯзноманигорони расонаҳои чопиву электронии Суғд, ахиран аз барномаҳои якрангу мадҳгӯйи зиёди телевизионҳо интиқод кард. Зоҳиран ишораи Аҳмадзода ба ягона телевизинони давлатӣ дар минтақа, телевизиони “Суғд” буд. “Баъдан ба телевизион таъриф ҳам даркор нест. Имрӯз телевизиони вилоятиро дар ҷумҳурӣ ва бурун аз он мебинанд”,-гуфтааст Аҳмадзода.
Раиси вилояти Суғд мегӯяд, аз танқиду гуфтаҳои рӯзноманигорон ранҷидан лозим нест. Вай гуфт, фақат беғаразона баҳодиҳӣ кунем ва воқеиятро бигӯем басанда аст. Бино ба гуфти Раҷаббой Аҳмадзода мақомот бо ҳама намуди расонаҳои давлативу ғайридавлатӣ ҳамкорӣ мекунад, ки барои пешрафти ҷомеъаи демократӣ аст.
“Мо бояд беғаразона кор кунем, диламон сӯхтанамон даркор ва амаламон бояд як бошад. Гуруҳбозӣ накунем, хешутаборчигӣ накунем. Мо бояд ҳақиқатро гӯем, сафедро сафеду сияҳро сияҳ гӯем. Мо имрӯз ҷудо накунем ин пулдор ва ӯ мансабдор гуфта, ҳама бояд дар ин самт равем, чун тинҷиву оромии дар Тоҷикистон буда дар дигар ҷой нест”.
Дар ҳоле Раҷаббой Аҳмадзода аз ситоишҳои зиёд дар барномаҳои телевизионии қаламрави шимолии Тоҷикистон интиқод кард, ки коршиносон мегӯянд дуруст аст, ки солҳои ахир маводҳои таҳлиливу танқидӣ дар расонаҳои маҳаллии Суғд кам шудааст.
Илҳом Ҷамолиён, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, имрӯз беҳуда Раҷаббой Аҳмадзода аз таърифкуниҳои зиёди рӯзноманигорон дар барномаҳои телевизионӣ интиқод накард, балки худи мақомот низ аз чунин барномаҳо дигар мондаю хаста шудааст.
“Чаро ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ карданду ба истилоҳ супориш доданд, барои ман маълум нест. Аммо тахмин мезанам, он маводе, ки имрӯз дар сатҳи бештар пиар пешкаш шуда истодааст, баъзан пиари беҳунарона ва баъзан бисёр пиари дағал ҳам ҳаст, онро дар назар доранд. Ва ошкорои дилбеҳузуркунанда ҳам ҳаст. Фикр мекунам, ки раиси вилоят ҳам аз ҳамин чиз дигар мондаю хаста шудааст”.
Илҳоми Ҷамолиён дар идома гуфт рӯзноманигорон ба масъалаҳо аз нигоҳи танқидӣ ҳам назар кунад, чун кам шудани маводи таҳлиливу интиқодӣ ба мақомот маълум шудааст ва беҳуда раиси вилоят ҳам тазаккур надодааст.
Аммо рӯзноманигори ҳафтаномаи нашрияи “Сухани халқ” Моҳира Раҳимзода назари дигар дорад ва мегӯяд, барои ошкоргӯиҳояш масъулин ӯро баъд мебинанд.
“Дар фаъолиятам, ки бо раисони ҳизб доштам ҳамеша ҳақиқатро мегӯям. Барои ҳақиқатро гуфтанам бештари инсонҳо маро дӯст намедонанд. Бояд, ки мо ҳақиқатро камбудиро гӯем”-афзуд ӯ.
Дар шимолии Тоҷикистон 17 шабакаи телевизион, аз ҷумла 1 телевизиони давлатӣ, 15 радио, ки яке шабакаи давлатист ва беш аз 50 ҳафтаномаю маҷалла мавҷуд аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар чор соли охир ИМА 825 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва 88 нафари онҳоро ихроҷ кардааст
Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ҳам номзадҳояшро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард. Онҳо чанд нафар ва киҳо ҳастанд?
Вазорати маориф: Дар Тоҷикистон ҷашнҳои солинавӣ дар макотиби олӣ, миёна ва кӯдакистонҳо манъ аст
Боздошти як сокини Хуҷанд барои ворид кардани “хлопушка” аз Қирғизистон
Содироти барқ аз Тоҷикистон дар моҳи ноябр 10,5% афзуд
“Акнун аз болои панҷара мегузаранд”. Дар Душанбе 17 гузаргоҳ барои пиёдагардонро барҳам доданд
"Хӯрок бомазза, касе намегурезад, аммо ба кӣ шикоят карданро намедонем". Ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон то куҷо риоя мешавад?
Коршиносони Русия хавфу хатарҳои асосиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян карданд
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 маълум шуданд
Шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт, ки 2 рӯз баста буд, боз шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста