Бино ба маълумоте, ки Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар ихтиёри "Азия-Плюс" гузошт дар ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус қароргоҳи Президент аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ сохта мешавад.
Ба гуфти манбаъ ҳаҷми маблағҳое, ки барои бунёди ин қароргоҳ масраф мешавад 7,8 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Барои сохтмони ин иншоот дар соли 2021 дар буҷаи маҳаллӣ 3 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз Раёсати сохтмони асосии вилоят дар ин робита хабар доданд, ки сохтмон алакай шуруъ шудаву айни ҳол корҳои болопӯшии бино идома дорад. Замони ба истифода додни ин қароргоҳ, тақрибан то ҷашни Истиқлол давлатӣ гуфта мешавад.
Дар соли 202,1 ҳамчунин маблағҳо барои сохтмони Беморхонаи бемориҳои сироятии ноҳияи Данғара низ ба нақша гирифта шудааст. Мачмӯи ҳаҷми маблағҳое, ки барои ин бемористон ҷудо шудааст 31,3 миллион гуфта мешавад.
Манбаъи мо аз Раёсати сохтмони асосии вилоят хабар дод, ки дар аввал дар ноҳияи Данғара як шуъбаи бемориҳои сироятӣ ба нақша гирифта шуда буд ва бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд сохта мешуд. Баъдан ин лоиҳа бозбинӣ ва тасмим гирифта шуд, ки як беморхонаи мукамали бемориҳои сироятӣ сохта шавад. Ин иншоот ҳам то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлат мавриди истифода дода хоҳад шуд. Ба гуфти манбаъҳои мо дар ҷумҳурӣ ин беморхона назир надорад.
Ғайр аз ин, имсол барои ба анҷом расонидани сохтмони бинои Маркази бемориҳои дил, ки сохтмонаш чанд сол боз манъ шуда буд, маблағгузори хоҳад шуд. Мувофиқ ба маълумоти Сарраёсати молия барои ин иншоот 1,5 миллион сомоӣ ҷудо шудааст.
Дар баробари ин як иншооти дигар, сохтмони бинои мактаб, ки сохтмонаш дар ноҳияи Ҷайҳун аз солҳои 2006-2007 оғоз шуда буду тайи чанд соли охир маблағгузорӣ намешуд, ки аз нав оғоз мешавад. Барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот дар соли 2021 ҳафтсаду 17 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Ҳаҷми маблағи харҷи ин иншоот 21 миллион сомониро ташкил медиҳад ва бояд он соли 2023 мавриди истифода қарор бигирад.
Дар маҷмуъ соли 2021 дар буҷаи маҳалли вилояти Хатлон барои 37 иншоот 43 миллион сомонӣ ба нақша гирифтаанд.
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд
Қатъи дурӯзаи барқ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста