Сокинони манотиқи деҳоти Тоҷикистон аз шадидтар шудани маҳдудияти истифодаи барқ шикоят мекунанд.
Сокинони ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегӯянд, пештар интиқоли барқ ба онҳо соати 23:00 қатъ шуда, акнун аз соати 22:00 барқ хомӯш мешавад.
Дар ширкати “Барқи тоҷик” қабул шудани қарореро оид ба шадид кардани “лимит”-и барқ рад намуда, изҳор мекунанд, ки маҳдудияти истифодаи барқ мисли пешин аз соати 23:00 то 05:00-субҳ амал мекунад.
“Дар сурати риоя нашудани реҷаи маҳдуд, ҳар кадоме аз истеъмолгарон метавонад ба телефонҳои боварии мо: 2 35 86 84; 93 355 51 51 ва 93 355 52 52 муроҷиат намояд”, - гуфтанд дар ширкат.
Дар ширкати “Барқи тоҷик” пурра баратараф шудани речаи маҳдуди истифодаи барқро ба гармшавии ҳаво вобаста медонанд, ки ба афзоиши маҷрои об дар дарёҳо мусоидат мекунад.
Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ “лимит” расман аз 6 январи соли равон ҷорӣ шуд, ҳарчанд аҳолии деҳот аз тез-тез ва ба муддати тӯлонӣ қатъ шудани интиқоли барқ ҳанӯз аз моҳи сентябри соли гузашта шикоят мекарданд.
Ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҳукумат камбуди захираҳои об бар асари хушк омадани обуҳаво дар соли 2020 маънидод кард.
Нимаи моҳи феврал “Барқи тоҷик” давомнокии реҷаи маҳдуди истифодаи барқро як соат кам карда, инро раҳбарияти ширкат ба обуҳавои мусоид ва зиёдшавии маҷрои об дар дарёи Вахш нисбат дод.
Айни замон танҳо дар қаламравҳое, ки дар онҳо хонаҳои баландошёна ҷойгиранд, нерӯи барқ шабонарӯзӣ интиқол меёбад.
Сарфи назар аз маҳдудияти интиқоли барқ дар дохили кишвар, қисмате аз он ба кишвари ҳамсояи Афғонистон содирот мешавад.
Тибқи маълумоти расмии оморӣ, давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи ҳудуди 7,1 млн доллар неруи барқ интиқол ёфтааст, ки қариб 2 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Доруҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон худро аз онҳо эмин нигоҳ дошт?
Душанбе чӣ гуна Соли навро истиқбол мегирад?
Романи “Ҷанг ва олами афғонҳо”-и Абдуғаффор Абдуҷаббор ба чоп расид
Аз ҳоҷиталбону тӯйи арӯсӣ то мошинронӣ дар ҳолати мастӣ. Соли оянда ҷаримаи кадом қонуншиканиҳо чӣ қадар зиёд мешаванд?
Нахустин вохӯрии гурӯҳҳои типографии Тоҷикистону Қирғизистон баъди пурра муайян кардани хатти марзи ду кишвар
Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони “Роғун” $350 млн грант ҷудо кард
“Тоҷикфилм” соли оянда чанд филмро маблағгузорӣ мекунад?
ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ 28 номзад пешниҳод кард. Онҳо кистанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста