Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа супориш дод, ки суръати иқтидори вуруди шабакаи интернети берунаи Тоҷикистон 20 маротиба - то 100 Гигабит/с зиёд карда шавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Хадамоти алоқа имрӯз, 1 апрел.

Зимни ҷаласаи ахири Хадамоти алоқа чунин супориш дода шудааст.

“Шумо виҷдон доред? Чанде пеш ман смартIphone харидам ва ҷиҳати боргирии (скачать) як барнома барои хондани китобҳои электронӣ ва ду китоб ним соат вақт рафт. Ин шармандагист, ин хел кор намешавад. Ба шумо як моҳ муҳлат, то ки суръатро 20-30 маротиба зиёд кунед!”, - овард манбаъ гуфтаҳои Бег Сабурро.

Роҳбари Хадамот зикр кард, ки ҳангоми баргузории хатҳои нав ба инобат гирифтани релйеф зарур буда, ба ҳеҷ ваҷҳ хатҳои заминӣ гузаронида нашавад.

Ёдрас мекунем, ки айни замон суръати иқтидори вуруди шабакаи интернети берунаи Тоҷикистон ҳудуди 5 Гигабит/с-ро ташкил медиҳад.

Роҳбари Хадамот таъкид дошт, ки агар дар пойтахт суръати интернет ва сифати алоқа то андозае хуб бошад, дар минтақаҳо вазъият бамаротиб бадтар аст.

“Ман тез-тез ба Кӯлоб меравам ва дар роҳ алоқаи мобилӣ гум мешавад. Дар Кӯлоб суръати интернет аз гашти сангпушт ҳам бадтар аст”, - изҳор дошт Сабур.

Ӯ ҳамчунин масъалаи гарон будани истифодаи интернетро ба миён гузошта, дастур дод, ки дар ин самт чораҳои дахлдор андешида шавад.

“Ба ман рейтинги ҷаҳониро нишон доданд, ки аз рӯйи нархи интернет байни ҳамаи кишвраҳои дунё мо дар мақоми 154-ум қарор дорем. Кишвари ҳамсояи мо Қирғизистон бошад, дар зинаи сеюм ҷойгир аст. Мо аз онҳо чӣ камӣ дорем? Ба мо чӣ намерасад? Охир чанд соле пеш мо пешсафи минтақа дар ин самт будем! Фикр кунеду роҳи ҳалли масъаларо ёбед”, - афзудааст Бег Сабур.

Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи ханда ҷашн гирифта мешавад - мо ҳам истисно нестем).