Ширкати «Сомон Эйр» нахустин парвози муқаррарии худро пас аз иҷоза шудани парвозҳои мустақими миёни Тоҷикистону Русия ба Маскав анҷом дод. Дар нахустин парвози мустақим ин ширкат, 4-уми апрел 180 мусофирро ба Маскав бурдааст, гуфт ба "Азия-Плюс" директори Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.
Иттилоъ дар мавриди парвози нахустинро ба "Азия-Плюс" ҳамчунин дар худи ин ширкат таъйид карданд. "Аз Душанбе ба Маскав 184 мусофир парвоз кард. Парвози наздиктарин ширкат дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанберо ширкат рӯзи 6-уми апрел анҷом хоҳад".
Арзиши билет дар масири Душанбе-Маскав 349 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Билетҳоро мешавад аз хазинаҳои Оҷонсии алоқаи ҳавоӣ дарёфт кард",- гуфтанд дар ширкат.
Дар Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандии ҳамчунин гуфтанд, ки дар мавриди гаронтар фурӯхтани билетҳо ба онҳо муроҷиат шудааст ва ин ниҳод фардо дар як ҷаласаи фаврӣ ин мавзуъро баррасӣ мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Ҳукумати Русия ба дастурҳои қаблии худ тағйирот ворид кардааст ва дар мавриди парвозҳои мустақим дар ҳоли ҳозир дигар мушкилоте вуҷуд надорад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон акнун дигар буни доштани асос барои парвоз ба Русия метавонанд тавассути парвозҳои муқаррарӣ ба Русия бираванд.
Парвози нахустин муқаррарӣ, ки ширкати русии "ЮтЭйр" рӯзи 3-юми апрел ба Душанбе анҷом дод дар баргашт ҷанҷолӣ шуд. Ин ширкат аз Душанбе ба Маскав мусофиронро набурд, танҳое онҳоеро бурд, ки ё шаҳрвандии Русияро доштанд ё барои сафар ба Русия асос доштанд.
Парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Русия аз моҳи марти соли гузашта бар асари ҳамагирии коронавирус қатъ шуда буданд. Дар муддат танҳо парвозҳои чартерӣ барои берун овардани шаҳрвандони ду кишвар сурат мегирифт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста