Дар Душанбе тахриб (кӯчонидан)-и бинои чорошёнаи истиқоматӣ, ки рӯ ба рӯи Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст, оғоз гардид.

Замони шӯравӣ дар ошёнаи якуми ин бино мағозаи маъруф барои кӯдакони “Сказка” (Афсона) ва нуқтаи суратгирӣ (фотоателйе)-и писандида миёни сокинони шаҳр фаъолият мекард.

Дар ин биное, ки гирду атрофаш айни замон панҷара гирифта шудааст, шахсиятҳои маъруфи кишвар, аз ҷумла Малика Собирова зиндагӣ мекарданд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод, дар ҷойи ин хона бинои нав сохта намешавад.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи Нақшаи генералии шаҳр, дар ин ҷо то тобистони соли ҷорӣ гулгашт сохта мешавад.

Айни замон дар паси ин бино сохтмони маҷмааи хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҷараён дорад.

1/9

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.