Дар рӯзҳои наздик ҳукумати Чин 150 ҳазор воя ваксинаи CoronaVac -и ширкати Sinovac-ро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад. Дар ин бора ба Азия-Плюс роҳбари Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод.
Вай гуфт, ки масъалаи ворид гардидани ваксина дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар ҳалли худро пайдо намуда, он ба Тоҷикистон дастрас мешавад.
«Рӯзи дақиқи ворид кардани ваксина ба Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест, аммо дар рӯзҳои наздик он ба кишвари мо интиқол дода мешавад, - гуфт Ҷаъфаров. - Ва ин, албатта, ба дараҷаи омода шудани ваксина аз ҷониби Чин ва таъмини нақлиёти ҳавоӣ аз ҷониби Тоҷикистон вобаста аст".
Ҷаъфаров инчунин изҳор намуд, ки пас аз гирифтани ваксина, эмгузаронӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ оғоз мешавад.
«Чун то ба ҳол ваксина танҳо дар Душанбе гузаронида мешавад. Ва дар дигар минтақаҳо, ба навбат, эмгузаронии кормандони тиб ва дигарҳо оғоз мешавад», - илова кард сардори Хадамоти санитариву эпидемиологии Вазорат.
Бино ба иттилои манбаъ, айни замон масъалаи таъминот бо ваксинаи русии Sputnik-V дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад. Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон ба аҳолӣ ваксинаи AstraZeneca гузаронида мешавад, ки дар Ҳиндустон истеҳсол шудааст.
Қобили зикр аст, ки эмгузаронӣ аз ваксинаи коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 23 март оғоз ёфт. Афроди эмкарда ду дозаи ваксинаи Astra-Zeneca-ро байни фосилаи ду моҳ мегиранд.
Дар маҷмӯъ, тибқи барномаи COVAX Тоҷикистон, 192 ҳазор доза ваксинаи Astra-Zeneca гирифт. Тибқи ҳамин барнома, бояд 20% аҳолии кишвар - 1,8 миллион нафар эм карда шаванд.
Дар навбати аввал гурӯҳи осебпазир, яъне кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф ва як қатор дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ваксина мегиранд. Ҳамзамон зикр мешавад, ки ваксинагирӣ ройгон ва ихтиёрӣ аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста