Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва шариконаш вуруди аввали ваксинаҳои COVID-19-роо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол мекунанд.
Хонум Мэрилин Йосефсон, Сафири Иттиҳоди Аврупо таъкид дошт:
«Ман шодам, ки тасдиқи вуруди бастаи нахустин аз 192,000 миқдори ваксинаи зидди Ковид-19 Astra/Zeneca иборатбударо ба Тоҷикистон эълон менамоям. Ин ваксинаи самаранок тавассути механизми COVAX ворид карда мешавад, ки Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он беш аз 2,2 миллиард евро маблағгузорӣ намуданд. Дастрасии одилона ва баробар дар тамоми ҷаҳон ба ваксинаҳо калиди рафъи ин пандемия мебошад, зеро то даме ки ҳама амон набошанд, касе амон нест.
Ман мехоҳам ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва шарикони наздики мо дар механизми COVAX, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ва Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) барои ҳамкориҳои муассир, ҳамоҳангсозӣ ва ба нақша гирифтани вуруди ваксинаҳо дар сатҳи миллӣ ташаккур гӯям. Аввалан, ба кормандони тиб дар хатти аввали мубориза ва сипас тадриҷан ба шаҳрвандони Тоҷикистон фароҳам мегардад. Иттиҳоди Аврупо дастгирии Тоҷикистонро дар мубориза бо COVID-19 идома медиҳад.
Ғайр аз ин, тибқи як барномаи нави чаҳорсола, мо барои тақвияти соҳаи тандурустӣ дар солҳои оянда 52 миллион евро сармоягузорӣ хоҳем кард”.
Тоҷикистон то моҳи майи соли 2021 тавассути механизми COVAX 624,000 андоза ваксина мегирад. Ин бастаи аввали ваксинаҳо тақрибан 3% аҳолии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, гурӯҳҳои афзалиятнок - кормандони тиб, муаллимон ва шахсони аз панҷоҳсола болоро фаро хоҳад гирифт. Механизми COVAX инчунин ба кишварҳои дарёфткунанда барои гузаронидани маъракаҳои эмгузаронии самаранок кӯмаки машваратӣ фароҳам меоварад. Ин, масалан, таҳияи нақшаи миллии эмгузаронӣ, баҳодиҳии қобилияти нигоҳдорӣ ва тақсимоти ваксина ё таҳияи нақшаи мукаммали иртиботиро дар бар мегирад, ки чаро ваксинаи COVID-19 ин қадар муҳим аст, ва кӣ афзалият пайдо мекунад.
Баҳори соли 2020 Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро дар вокуниши фавқулодда ба пандемияи COVID-19 бо фароҳам овардани 4,6 миллион евро барои воситаҳои муҳофизатии шахсӣ барои кормандони соҳаи тандурустии дар хатти аввал буда ва 95 дастгоҳи нафаскашӣ барои беморони вазнин, ки дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ харида шудаанд, дастгирӣ намуд.
Аксари барномаҳои ҳамкории ИА инчунин тавонистанд амалҳои худро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба COVID равон созанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, таҳияи модулҳои таълими фосилавӣ барои таълими онлайн ё дастгирии деҳқононе, ки 60 тонна тухмии серҳосили картошкаро бо мақсади паст кардани хавфи норасоии ғизо гирифтаанд.
Ҳамкории Иттиҳоди Аврупо оид ба рушд барои дастгирии бахши тандурустии Тоҷикистон:
Тибқи ду барномаи охирини дастгирии буҷетӣ, Барномаҳои дастгирии рушди инсонӣ I ва II, аз соли 2011 инҷониб барои таҳкими системаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар 56,5 миллион евро сармоягузорӣ шудааст.
Барномаи нави рушди соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2021-2025, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ба наздикӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расид ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ТУТ, Ташкилоти Олмон оид ба ҳамкорӣ (GIZ) ва ЮНИСЕФ амалӣ карда мешавад.
Барнома идоракунии соҳаи тандурустиро тақвият мебахшад, дастрасиро ба хадамоти босифати аввалияи тиббию санитарӣ беҳтар менамояд ва дастгириро барои пешгирӣ ва назорати сироят дар тамоми системаи тандурустӣ таъмин менамояд.
Амалиёти Глобалии Иттиҳоди Аврупо алайҳи COVID-19
Иттиҳоди Аврупо ӯҳдадорӣ бар зиммаи худ гирифтааст, ки дастрасии ҷаҳонӣ ва баробарро ба ваксинаҳо, озмоишҳо ва табобатҳоро таъмин кунад. ИА на танҳо барои тадқиқот оид ба ваксинаҳои бехатар ва муассир, балки инчунин барои ташхис, табобат, эпидемиология, воситаҳои муҳофизаткунанда ва такмили системаҳои тандурустӣ миллиардҳо сармоягузорӣ кардааст. ИА сарпарасти асосии омода сохтани ваксинаи BioNTech ва Pfizer, аввалин ваксинае мебошад, ки Агентии дорувориҳои Аврупо тасдиқ кардааст, ки ҳам самарабахш ва ҳам барои истифода бехатар мебошанд.
Дастаи Аврупо - ИА ва кишварҳои узви он бо Бонки сармоягузории Аврупо (EIB) - барои кӯмак ба шарикон дар саросари ҷаҳон дар ҳалли эҳтиёҷоти фаврии тандурустӣ ва башардӯстона, таҳкими системаҳои тандурустӣ ва дастгирии барқарорсозии иқтисодӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ як бастаи барқарорсозии ҷаҳонӣ бо маблағи 38,5 миллиард евро сафарбар карданд. Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он яке аз донорҳои асосии механизми COVAX мебошанд, ки беҳтарин василаи ҳамбастагии ваксина дар арсаи байналмилалӣ ҳисобида мешаванд.
То имрӯз, Дастаи Аврупо барои механизми COVAX беш аз 2,2 миллиард евро эълом намудааст, ки то охири сол барои 92 кишвари даромадаш кам ва миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, таъмини 1,3 миллиард миқдор ваксинаро ба ӯҳда мегирад.
Механизми COVAX ташаббуси ҷаҳонист барои таъмини дастрасии одилона ва баробар ба ваксинаҳои бехатар ва самарабахши зидди COVID-19. Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ - Эътилоф оид ба омодагии эпидемия (CEPI), Эътилофи ваксинаҳои Гави ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва истеҳсолкунандагон, инчунин дигар шарикон, ба монанди ЮНИСЕФ ё Бонки Ҷаҳонӣ ҷаҳд бар он мекунанд, то дар саросари ҷаҳон дастрасии ваксинаҳои зидди COVID-19 барои кишварҳои даромадашон баланд ва паст таъмин карда шавад.