Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе дар бораи лоиҳаи ангоравии сохтмони маҷмааи биноҳои нави истиқоматии баландошёна ба ҷойи хонаҳои дуошёна дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (собиқ ноҳияи Октябр, қаламрави Водонасосная), ки тахриб мешаванд, маълумот дод.
Дар бурриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Умари Хайём маҷмааи биноҳои истиқоматӣ бо ҷойгир кардани муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бунёд мегардад, хабар дода мешавад дар саҳифаи "Архитектура Душанбе" дар Facebook.
Як манбаи “Азия-Плюс” дар Сарраёсати мазкур хабар дод, ки ангораи лоиҳа бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 7 апрел (№195) аз ҷониби тарроҳон (дизайнерон)-и ватанӣ таҳия шудааст.
“Таҳияи лоиҳа минбаъд идома ёфта, он аз ташхиси давлатӣ мегузарад ва сипас бояд қарори раиси шаҳрро дар бораи иҷозаи сохтмон гирад. Дар назар аст, ки қисмати аввали маҷмааи воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ тибқи нақша, бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолият ба анҷом расонида шавад”, - гуфт манбаъ.
Лоиҳа дар ҷойи хонаҳои истиқоматии кӯҳна, ки дар тарафи рости чорроҳаи мавзеи Водонасосная ҷойгир аст, амалӣ мешавад.
“Пас аз чорроҳаи Водонасосная ба самти “Душанбе арена” якчанд хонаҳои дуошёна ҷойгиранд, ки муҳлати истифодаашон ба охир расидааст. Онҳо тахриб (кӯчонида) мешаванд”, - иброз дошт манбаъ.
Ҳамчунин чанд рӯз пеш Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар саҳифааш дар Facebook дар бораи сохтмони муассисаи таълимии томактабии “Меҳри Модар” хабар дод. Дар он ҷо муҷассамаи Модар гузошта мешавад.
“Меҳри модар” дар кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи Сино сохта шуда, барои 1200 нафар таълимгирандагон пешбинӣ шудааст. Лоиҳа аз ҷониби КВД ПИЛ “Строительство и архитектура” (Сохтмон ва меъморӣ) таҳия шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.