Шаҳрдории Исфараи вилояти Суғд мегӯяд мақомоти ин шаҳр асноди расмии шаҳрвандонеро, ки бар пайи даргириҳои марзии 28-29-уми апрели имсол нобуд шуда буданд, барқарор кардааст.
Масъулини бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Исфара ҳуҷҷати 28 сокини деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳро, ки бар асари даргириҳои охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нобуд гардида буданд, барқарор карда, ба соҳибонашон супориданд, - хабар медиҳад шаҳрдории Исфара.
Ба «Азия-Плюс» дар дафтари матбуоти ҳукумати Исфара гуфтанд, ки ҳамзамон аз ҷониби шуъбаи САҲШ-и шаҳри Исфара ба 447 нафар эҳтиёҷмандон шаҳодатномаи навзодӣ, зоднома ва шаҳодномаҳои ислоҳию такрорӣ низ дода шуд.

Дар даргириҳои рӯзҳои 28-29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон наздик ба 60 нафар аз ҳар ду ҷониб кушта ва бештар аз 250 нафари дигар захм бардоштанд.
Ба ҷуз барқарор кардани асноди сокинони зарардидаи даргириҳои марзӣ, ҳамчунин ситоди корӣ ташкил шудаву манзили истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳо хароб шудааст барқарор хоҳад шуд. Хонаҳое, ки осеб дидаанд таъмир мешаванд. Бино ба иттилои расмӣ тамоми ин хароҷот аз ҳисоби давлат хоҳад буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар пайи заминларза дар Тоҷикистон як кӯдаки 3-сола ҷон бохта, 29 хона ва як мактаб зарар дидааст
Ҷазои сангин. Барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва сарпечӣ аз пардохти пули он кӣ ва чӣ гуна муҷозот мешавад?
Чӣ бояд кард, агар телефонатонро дузданд ва ё он гум шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2025
Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?
Баррасии тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имомгалӣ Тасмагамбетов
Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста