Ба далели нуқси фаннӣ дар ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" парвозҳои хатсайри “Хуҷанд-Челябинск” ва “Хуҷанд-Барнаул” ба таъхир уфтодаанд. Ҳавопаймои ин ширкат бо 440 мусофир дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд банд мондааст, масъулин мегӯянд таъмир карда истодаанд.
Як масъули намояндагии ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии” бе зикри номаш ба “Азия-Плюс” гуфт ҳавопаймои Airbus дучори нуқси техникӣ шуд ва натавонистанд соати 10:40-и имрӯз парвоз дар хатсайри “Хуҷанд-Барнаул” ва соати 21:00-и шаби 16-уми июн “Хуҷанд-Челябинск”-ро анҷом диҳанд. Ӯ гуфт дар ин ду хатсайр 440 мусофир буд ва парвози онҳо ба таъхир афтодааст ва ҳоло мутахасссисони онҳо “бо таъмири ҳавопаймо” машғуланд.
Ҳоло дар хатсайри “Хуҷанд-Челябинск” 220 мусофир ва “Хуҷанд-Барнаул” 220 мусофири дигар дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд мунтазир мондаанд. Як масъули баландпояи Фурудгоҳи Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт “ҳавопаймои ширкат вайрон шудааст, ҳоло таъмир карда истодаанд.”
Аммо масъулини Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд мегӯянд, агар як ҳавопаймо вайрон шавад, ҳамаи ҷадвали парвозҳо тағйир мекунад ва бояд баъди таъмири ҳавопаймо ҷадвали нави парвоз ҷорӣ шавад.
Масъулини фурудгоҳ мегӯянд соати 2:30 дақиқаи шаби 17-уми июн ширкати "Уралские авиалинии” парвоз дар хатсайри “Хуҷанд-Самара”-ро низ бо таъхир анҷом дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста