Ба Наврӯза Мамирова, ҷавондухтаре, ки зимни сафари расмии раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳузури Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон шеърхониву суханронӣ кард, нишони сарисинагии "Ӯзбекистон белгиси" (“Нишони Ӯзбекистон”) ва ҳамчунин ҳадяи сарвари Ӯзбекистонро додаанд.
Шеърхонии Наврӯза Мамирова рӯзи 11-уми июн дар “Қасри Арбоб” аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмону Шавкат Мирзиёев истиқболи гарм шуда буд.
Тӯҳфаи Шавкат Мирзиёев ва нишони сарисинагии Оҷонсии ҷавонони Ӯзбекистон "Ӯзбекистон белгиси" дақиқан, баъди як ҳафтаи шеърхонӣ рӯзи 17-уми июн аз сӯйи сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба Наврӯза Мамирова супурда шудааст.

Мамирова дар “Қасри Арбоб” шеъри ширу шакарреро бо тоҷикию ӯзбекӣ хонд, ки бозгӯйи риштаҳои хешутаборӣ, урфу одати ягона ва ҳамсоядории қадимаи ду миллат ва васфи раисҷумҳурҳои ду кишвар буд. Аз ҷумла дар мақтаъи шеър ӯ хонд, ки:
Пешво Эмомалӣ Раҳмон шуда маҳбуби мо,
Шавкати ду халқ хонад эҳтироми Мирзиё!
Баъди қироати ин шеър, суҳбати ӯ бо руасои ҷумҳур расонаӣ шуд.
Наврӯза Мамирова дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт 6 мисраи шеъри хондааш ба қалами шоири ӯзбекзабони ноҳияи Спитамен Махсум Ҷӯра ва ду мисраи охирон дар васфи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба қалами нависандаи тоҷик Аҳмадҷони Раҳматзод таъаллуқ дорад. Ӯ гуфт шеърхонияш раисҷумҳуронро тасхир кардааст.
“Нағз шеър хондӣ, баромад хуб шуд, раҳмат гуфта президентҳо ханда карданд ва ҳамон лаҳзаи ханда ба акс фаромадаст. Дастонамро президенти Ӯзбекистон дошта миннатдорӣ баён карданд, Ҷаноб ҳам хурсанд, раиси вилоят ҳам хурсанд буданд”.
Раиси ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд Фарҳод Ҷӯраев ҳам ба “Азия-Плюс” гуфт, Наврӯза Мамирова он рӯз аз номи ҷавонони ноҳияи Деваштич дар назди сарони давлатҳо баромад карда буд. Ӯ гуфт зимни эҳдои туҳфаи президент ва нишони сарисинагии "Ӯзбекистон белгиси" аз сӯйи сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, адибон, рӯзноманигорон, ректорони мактабҳои олӣ ва пайвандони ин ҷавондухтар ҳузур доштанд.
Наврӯза Мамирова, муҳаррир ва ровии телевизиони вилояти Суғд буда, се соли ахир барномаи “Қадрият”-ро бо забони ӯзбекӣ таҳия мекунад. Ӯ хатмкардаи шӯъбаи рӯзноманигории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда дар деҳаи Нуҷуни ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод
“12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод
Шабакаҳои тақсимоти барқ: Маҳдудияти интиқоли барқ давоми ду рӯзи оянда бекор мешавад
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста