Тоҷикистон 3 миллион воя воксини дигари зидди COVID-19 мехарад. Барои ин аз Бонки Осиёии Рушд 25 миллион доллар грант ё кӯмаки бебозгашт мегирад. Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 30-уми июн дар Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Гуфта мешавад ин тарҳ аслан 26.8 миллион доллар буда, 25 миллиони онро Бонки Осиёии Рушд ва 1.8 миллионашро ҳукумати Тоҷикистон медиҳад. Бо ин пул ба ҷуз воксин дигар васоили тиббӣ низ харидорӣ мешавад.
Тоҷикистон пештар аз Бонки Ҷаҳонӣ ҳам барои хариди ваксинаи зидди коронавирус беш аз 8 миллион доллар кӯмаки бебозгашт гирифтааст. Акнун бо гранти Бонки Осиёи Рушд хариди восин то соли 2023 дар назар гирифта шудааст.
Ҳарчанд Тоҷикистон барои хариди воксин аз ниҳодҳои молии гуногуни ҷаҳон грант ё бурсияҳои еӯмакӣ гирифтааст, вале расман аз ҳеч кишваре воксин харидорӣ накардааст. То кунун Тоҷикистон 492 ҳазор воя воксини зидди COVID-19 аз Ҳинду Чин ворид кардааст, ки ройгон мебошанд.
Ҳоло дар шаҳри Душанбе бар асоси иттилои Вазорати тандурустӣ аз 18-солаҳо болоро воксин мезананд. Дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон марҳилаи тозаи воксинзанӣ ҳанӯз оғоз нашудааст. Имрӯз дар вилояти Суғд аз тамом шудани захираи воксинҳо дар ин вилоят мардум нигаронӣ карданд.
Мақомоти тандурустии вилояти Суғд мегӯянд, рӯзҳои наздик бояд 100 ҳазор воя воксин ба ин вилоят ворид шавад.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ дар кишвар то кунун наздик ба 300 ҳазор нафар воксин гирифтаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони “Роғун” $350 млн грант ҷудо кард
“Тоҷикфилм” соли оянда чанд филмро маблағгузорӣ мекунад?
ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ 28 номзад пешниҳод кард. Онҳо кистанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2024
Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд
Фавти 2 кӯдак аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар Шаҳристон
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ба вазифаи муовинони ӯ киҳо интихоб шуданд?
Мошинро аз дарё берун оварданд, вале ҷасадҳо нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир идома дорад
Муҳокима дигарбора оғоз шуд. Манобеъ мегӯянд, “ба эҳтимоли зиёд то охири сол ҳукми чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда содир мешавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста