Дастаи Art-Vision таърихи хеле ҷолиби офаридани иншооти кошинкорӣ (мозаика)-и Душанберо намоиш дод, ки силсилаи аввал аз филмҳои “Шаҳри хотираҳои ман” (Город моей памяти) мебошад.

Тайи солҳои ахир аксари иншооти кошинкории Душанбе аз даст дода шуданд. Маъмулан онҳо бо тахриби бинои хонаҳое, ки ҳукумати пойтахт онҳоро кӯҳнаву фарсуда мешуморад, аз байн мераванд.

Продакшн-студияи Акмал Ҳасанов - Art-Vision тасмим гирифт, ки дар бораи намунаи ҳунари аслӣ, ки ҳоло маҳфузанд, гузориш таҳия намояд. Инчунин аз иншооте ёд кард, ки мутаассифона, баргардониданашон дигар имкон надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.