Як навъи маводи сӯзишворӣ - газ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон камчин шудааст ва даҳҳо ронандаи тоҷик барои дарёфти он пушти дари нақтаҳои сӯзишворӣ ҷамъ омадаанд.
Хабарнигори мо дар шаҳри Кӯлоб менависад, ки субҳи имрӯз дар Кӯлоб газ камчин шудааст ва танҳо дар чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (эҳтимол меравад, ки он нуқтаҳои сӯзишвории ширкати “Фароз” бошад) газро дарёфт кардан мумкин аст. Нархи як литр газ дар ин шаҳр 6 сомониву 40 дирамро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, гаронии нархи газ арзиши хизматрасонии нақлиётро ҳам дар ин шаҳр боло бурдааст.
- Дар пайи болоравии нархи сӯзишворӣ акнун зарур аст, ки барои сафар дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Кӯлоб на 1,5 сомонӣ балки 2 сомонӣ пардохт кунед. Бо вуҷуди он ки се моҳ пеш роҳкиро танҳо 1 сомонӣ буд. Таксиҳо акнун ба ҷои 2 сомонӣ 3 сомонӣ мегиранд,-менависад хабарнигор мо аз қавли сокинони шаҳри Кӯлоб.
Ба назар мерасад, ки камчинии газ на танҳо дар Кӯлоб, балки дар вилояти Суғд, аниқтараш шаҳри Хуҷанд ҳам ба назар мерасад. Хабарнигори мо дар шаҳри Хуҷанд аз қавли ронандагон мегӯяд, ки ин намуди сӯзишворӣ дар баъзе нуқтаҳои сӯзишвории шаҳр нест.
Ӯ мегӯяд, ҳоло навбатпойӣ барои дарёфти газ ба назар намерасад, вале камчинии он мавҷуд аст. Дар ин минтақа, газ 6 сомониву 50 дирам арзиш дорад ва дар баъзе нуқтаҳо аз ин ҳам зиёдтар нарх мондаанд.
Ҳоло дар Душанбе камчинӣ ва навбатпоӣ барои дарёфти газ мушоҳида нагардида, вале дида мешавад, ки нархи баландтарини ин намуди сӯзишворӣ дар пойтахт аст: Корбарони “Фейсбук” шикоят мекунанд, ки нархи газ дар Душанбе 7 сомонӣ шудааст. Субҳи 3 август, 6 сомониву 50 дирам буд.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз охири моҳи июл нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба таври чашмрас баланд мешавад. Дар Тоҷикистон маъмулан 3 навъи бензин ворид ва фурӯхта мешавад: АИ-92, АИ-95 ва АИ-98.
Тӯли 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 146 млн доллар наздики 262 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд. Ҳаҷми воридот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи вазн ба андозаи 11% ва аз лиҳози арзиш 1,1% кам шуд.
Бояд гуфт, ки маводу сӯзишворӣ, аз ҷумла бензину сӯзишвории дизелӣ (солярка) ва гази моеъро Тоҷикистон асосан аз Русия ва Қазоқистон, инчунин дар ҳаҷми начандон зиёд аз Ӯзбекистону Туркманистон ворид мекунад.
Дар Тоҷикистон 29 ширкати воридкунандаи маводи сӯзишворӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, миёни ин ширкатҳо ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон” пешсаф буда, ҳудуди 40% аз ҳаҷми бензини воридотиро ба ҷумҳурӣ овардааст. Боз 11% аз ҳиссаи воридоти бензин ба кишвар ба ҶДММ “Сеганҷ” рост меояд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста