Тоҷикистон баъди нокомӣ дар Бозиҳои олимпии Токио – 2020 дар Бозиҳои XVI тобистонаи паралимпии Токио – 2020 ҳам натиҷае ба даст наовард. Дар ин сабқат, ки аз 25 – уми август то 5 – уми сентябр давом карда, 4400 варзишгари маълул аз 162 кишвар иштирок доштанд, Тоҷикистонро ҳамагӣ як нафар муаррифӣ менамуд. Дар бозиҳои Токио варзишгарон аз рӯи 22 навъи варзиш рақобат карданд.
“Ақаллан барои мусобиқа бояд ба давлатҳои ҳамсоя мерафтем”
Варзишгари тоҷик Акмал Қодиров, ки дар риштаи варзиши сабук дар рақобатҳо оид ба гулӯлапартоӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, бо натиҷаи 8, 44 метр дар байни 9 варзишгар дар ҷойи охирин қарор гирифт.
Сабаби нокомии худро Акмал дар тамрини номунтазам ва надоштани таҷрибаи иштирок дар бозиҳои байналмилалӣ медонад.
Зимнан, Акмал ҳамчун варзишгар дар риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ маъруф аст. Вай қаблан дар армспорт Тоҷикистонро дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ миёни варзишгарони маълул муаррифӣ карда, ба натиҷаҳои баланд мушарраф шудааст.
Вале, он тавре ки худи варзишгар мегӯяд, дар навъи варзиши сабук ба мусобиқаҳои берун аз кишвар аз ин пеш нарафтааст:
- Фикр мекунам сабаби асосии мағлубияти ман надоштани таҷрибаи мураббиёни хориҷӣ буд. Чун барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ имконияти кам дорем, ақаллан барои таҷрибаомӯзӣ ба давлатҳои ҳамсоя бояд равем. Дар мусобиқаҳои паралимпии Токио чандин навъҳои нави варзишро ворид кардаанд, ки мо бори аввал дидем, - мегӯяд Акмал Қодиров.
“Мо метавонистем ба варзишгарони солим ҳам кӯмак кунем, агар...”
Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон майдонҳои варзишие нестанд, ки барои маълулон шароити хуби тамрин дошта бошанд. Дар натиҷа, чунин варзишгарон дар марказҳои варзишии пулакӣ, ё майдонҳои маҳдуди мавҷуда машқ мекунанд.
Раиси Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Парвиз Бобошарипов низ мегӯяд, агар варзишгарони маълули тоҷик ақаллан як маркази варзишии махсус медоштанд, ҳам барои тамрин ва ҳам дар баргузории мусобиқаҳои дохилӣ азият намекашиданд.
- Мо як марказе надорем, ки тамоми имконотро дошта бошад. Масалан, вақте мо аз минтақаҳои гуногуни кишвар барои мусобиқа ба шаҳри Душанбе, Хуҷанд ё Кӯлоб ҷамъ мешавем, маҷбурем, ки чанд рӯз дар меҳмонхона истиқомат кунем, ки он ҳам хароҷоти хеле зиёд дорад. Агар ҳам шароити тамрину гузаронидани мусобиқот ва ҳам қабули варзишгарони барои сабқат омадаро дар як маркази варзишӣ таъмин мекардем, хароҷотҳо камтар мешуданд. Боз метавонистем барои варзишгарони солим хизматрасонии пулакӣ таъсис диҳем ва аз ҳисоби маблағҳои он як – ду нафарро ба мусобиқаҳои берун аз кишвар ҳам фиристем. Бубинед, дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе чӣ қадар майдончаҳои варзишӣ сохтанд. Мутаассифона дар ин майдончаҳо имкониятҳои шахсони маъюбиятдошта ба назар гирифта нашудаанд, - мегӯяд ӯ.
“Ҳамагӣ 20 рӯз пеш аз Олимпиада тамринро сар кард”
Дар масъалаи тамрини мунтазам бошад, ҳамчуноне яке аз мураббиёни Акмал, Нигорахон Қурбонова иброз дошт, таъминоти иҷтимоиву ғизоии варзишгар дар ҷойи аввал меистад:
- Шароити иҷтимоиаш имкон намедод, ки ҳамарӯза ба тамринҳо ҳозир шавад. Бар замми ин, варзишгар аз ғизо ва витаминҳо ба таври кофӣ таъмин набуд. Яъне тамрину ғизои варзишгар барномаи муайян надошт. Ҳамагӣ 20 рӯз пеш аз ба Токио рафтанаш тамрин кард, ҳол он ки бояд се – чор сол тамринҳои пайваста анҷом медод. Фикр мекунам варзишгарони мо, агар дар хориҷа рафта, тамрин кунанд, беҳтар буд. Ҳам масъалаи барномаи таъмини ғизо ва ҳам реҷаи тамринҳояшон беҳтар мешуд, - мегӯяд Нигорахон Қурбонова.
Дар баробари ин варзишгар ҳам ба маоши муайяне эҳтиёҷ дорад. Ин нуктаро Парвиз Бобошарипов бо такя ба таҷрибаи давлатҳои дигар ишора карда гуфт, ки танҳо нафақа наметавонад варзишгарро ба тамрини мунтазам ҷалб намояд:
- Барои варзишгар бояд ҳар моҳ маоши муайян ҷудо шавад. Агар варзишгар даромад нагирад, аз куҷо метавонад мунтазам тамрин кунад? Вақте шахс аз ҳисоби фаъолияти худ маош мегирад, тамоми фикру хаёлаш сари ҳамон шуғл банд мешавад. Инро дар таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дидан мумкин. Варзишгарони мо наметавонанд танҳо бо як нафақа сатҳи иҷтимоияшонро беҳтар кунанд. Ин сабаб мешавад, ки онҳо ҳамарӯза тамрин карда наметавонанд ва дар реҷаи машғулиятҳояшон фосилаҳо пеш меояд, - зикр намуд Парвиз Бобошарипов .
Варзишгарону устодон аз таҷрибаи кишварҳои дигар мисол меоранд, ки бештари вақт аз ҳисоби сарватмандону тоҷирон сарпарастии варзишгаронро ба зимма мегиранд.
“Дар кишварҳои дигар барои сарпарастии кумитаи паралимпӣ соҳибкорон бо ташкилотҳои давлатӣ талош мекунанд, дар мо бошад, бо илтимосу илтиҷо як сарпараст ёфт намешавад” мегӯяд Бобошарипов.
“Ба Токио ду намоянда ва як варзишгар рафт”
Ба гуфтаи раиси Федератсияи варзишгарони имконияташон маҳдуд Абдурауф Алимов дар рӯйхати онҳо навъҳои зиёди варзишҳои паралимпӣ ва варзишгарони бомаҳорат ҳастанд. Аз ҷумла навъҳои варзиши даставӣ аз қабили волейболу баскетбол ҳам рушд кардааст. Вале барои ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ роҳ ёфтани онҳо камаш се – чор соли иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ лозим меояд. Ба гуфти ӯ варзишгарон бо иштирок дар сабқатҳои байналмилалӣ рейтинги худро баланд мебардоранд ва ҳам таҷрибаи хуби касбӣ меомӯзанд. “Вале вақте барои як нафарро ба хориҷа фиристодан ёфтани сарпараст ин қадар мушкил буд, панҷ – даҳ нафарро чӣ гуна ва бо кадом маблағ метавон фиристод?” мепурсад ӯ ва илова мекунад:
- Мо барои ҳамин як нафарро ба Токио равон кардан ҳам маблағро бо душворӣ пайдо кардем. Барои як варзишгарро ба Токио сафарбар кардан зиёда аз сию чор ҳазор сомонӣ маблағ сарф шуд.Тасаввур намоед, ки агар 6 – 7 нафаро равон мекардем, ҳоламон чӣ мешуд?
Дар ҳамин ҳол, аз се нафаре, ки аз Тоҷикистон ба Бозиҳои паралимпии Токио рафтанд – ду намоянда ва як варзишгар будааст. Кумитаи олимпии Тоҷикистон хароҷоти сафари варзишгарро бар дӯш гирифт, хароҷоти сафари як намоянда ба зиммаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва намояндаи дигарро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ба зимма дошт.
Абдурауф Алимов мегӯяд Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳам то ду соли пеш баъзе кӯмакҳояшон мекард, аммо ҳоло онро ҳам намекунад:
- Ду соли охир ба мо аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш як дирам ҷудо накардаанд. Ҳарчанд дар нақша иштироки варзишгарони паралимпӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳаст, вале мо дастгирӣ надидем. Дархостҳои мо аз назар берун мемонанд. Ҳатто ба мо гуфтанд, ки беҳуда дархост нанависед. Ҳол он ки ҳар варзишгар на кам аз ду бор дар як сол дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бояд иштирок кунад. Пас аз куҷо варзишгарони мо натиҷаи хуб дошта бошанд?
Аз соли 2008 инҷониб чанд сол аст, ки Тоҷикистон ба Паралимпиада шумораи ками варзишгаронро мефиристад, ки аксаран як нафаранд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо медал нагирифтааст.
Дар Бозиҳои XV Паралимпии Рио-2016 низ Тоҷикистонро як варзишгар - Раҳмихудо Додихудоев дар мусобиқаи давидан ба масофаҳои 100 ва 400 метр намояндаги карда буд.
Дар Бозиҳои паралимпии соли 2008 дар Пекин Тоҷикистонро ду варзишгар дар мусобиқаи пауэрлифтинг - Зайтуна Розиқова (48 кг) ва Хайрулло Абдураҳимов (67,5 кг) намояндагӣ карданд. Он замон Зайтуна зинаи нуҳумро ишғол намуда, Абдураҳимов бинобар сабаби солиматиаш рақобат карда натавонист.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Садама дар зеристгоҳи баландшиддат як қисми Душанберо бе барқ гузошт
Муфтиёти Русия бисёрҳамсарии диниро иҷозат додааст
Собиқ мураббии “Севиля”-и Испания сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб шуд
Ӯзбекистон мехоҳад барои мардон ҳангоми таввалуди кӯдак рухсатии пулакӣ ҷорӣ кунад. Ин дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Фавқулода суханвар ва чеҳраҳои наву камошно. Муовинони нави Эмомалӣ Раҳмон кистанд?
Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳам номзадҳояшро ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Пурсиши Мусо”
“Қувваи корӣ намерасад”: Путин доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷират изҳори назар кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста