Ҷасади ба дор овезони Ғиёсиддин Аюбзодаро шаби 4 ба 5-уми октябр аз ҷойи кораш ёфтанд. Ӯ хазинабони филиали “Амонатбонк” дар деҳаи Ревади ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ буд.
Мақомот то ҳол расман дар ин бора чизе нагуфтаанд, аммо наздиконаш мегӯянд, марги ин ҷавони 27-сола ба баҳси оилавӣ рабте надорад, онҳо ангушти ишора ба баҳси пулӣ мекунанд.
Аюбиддин Хуҷов, падари Ғиёсиддин дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки писараш пеш аз марг як номаи чорсаҳифагӣ гузоштааст. Хуҷов ҷузъиёти номаро ифшо накард, вале ишора кард, ки “касони гунаҳкор дар марги писараш аз рӯйи қонун ҷазо мебинанд”.
“Дар нома ба маънои қарзи маблағ ҳам чанд ҷумла зикр кардааст. Аммо ин ба ман рӯшан нест, ки кадом қарз. Қаблан ҳамдеҳагон аз кори писарам боре ҳам шикоят накарда буданд. Ӯ маблағро худаш ба деҳа меовард, ҳамаи бадбахтӣ аз ҳамин сар зад”- гуфт падари Ғиёсидин.
Аммо Алиқул Қодиров, раиси ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, додситони ноҳия тафтишотро оғоз кардааст.
“Ӯ бо мардум муносибати хуби корӣ дошт. Атрофи мушкилоташ боре ҳам сухан накарда буд. Аз мушкили дигараш мо хабар надорем, худаш медонад. Музди меҳнат, нафақаро ҳар моҳ сари вақт тақсим мекард, ҳеҷ мушкил набуд”, - таъкид кард раиси ҷамоат.
Қутбиддин Мерганов, мудири намояндагии "Амонатбонк" дар ноҳияи Айнӣ мегӯяд, марги корманди зери дасташ ба муносибати корияш рабте надорад. Ӯ овозаҳоро атрофи он, ки гӯё бо роҳбарияти бонк нофаҳмӣ дошт, беасос хонд. Мудири бонк низ номаро хондааст ва мегӯяд, инҷо гап сари 150 ҳазор сомонӣ меравад.
“Ман номаро хондам, дар он шикоят аз кормандони бонк нест. Дар ин нома гуфта шудааст, ки аз як одам 150 ҳазор сомонӣ бо фоиз пул гирифтааст. Он рӯз он нафарон пуле, ки барои нафақа буд, аз ӯ гирифтаанд ва ҳоло қисме аз он маблағ боқӣ мондааст. Ин зиёнро бояд он одамоне, ки маблағро аз ӯ гирифтаанд, барқарор кунанд”, - гуфт Мерганов.
Ғиёсиддин Аюбзода 27 сол дошт ва соҳиби 3 фарзанд - як писар ва ду духтар буд. Ӯ ягона писар дар хонавода буд ва падару модараш омӯзгори мактаби рақами 10 дар деҳаи Ревад мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Доруҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон худро аз онҳо эмин нигоҳ дошт?
Душанбе чӣ гуна Соли навро истиқбол мегирад?
Романи “Ҷанг ва олами афғонҳо”-и Абдуғаффор Абдуҷаббор ба чоп расид
Аз ҳоҷиталбону тӯйи арӯсӣ то мошинронӣ дар ҳолати мастӣ. Соли оянда ҷаримаи кадом қонуншиканиҳо чӣ қадар зиёд мешаванд?
Нахустин вохӯрии гурӯҳҳои типографии Тоҷикистону Қирғизистон баъди пурра муайян кардани хатти марзи ду кишвар
Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони “Роғун” $350 млн грант ҷудо кард
“Тоҷикфилм” соли оянда чанд филмро маблағгузорӣ мекунад?
ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ 28 номзад пешниҳод кард. Онҳо кистанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста