Шумораи нафарони бесарпаноҳ ё ба истилоҳ “бомж” дар вилояти Суғд 500 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора дар нахустин таҳқиқот атрофи будубоши бесарпаноҳон, ки дар вилояти Суғд гузаронида шуд, гуфта мешавад.

Таҳқиқгарон ин гурӯҳро қишри осебпазирӣ ҷомеа ном бурда мегӯянд, аксарият ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоранд, аз ҳуқуқҳои иҷтимоиву тиббӣ маҳруманд ва ҳатто  шуморашон дар омори расмӣ мавҷуд нест.

Ин таҳқиқот аз суйи ташкилоти ҷамъиятии “Диёр” бо кӯмаки Фонди ҷамъиятии “Нотабене” ва гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон анҷом ёфт. Муаллифони таҳқиқот байни 100 нафар аз афроди бехонумон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов пурсишҳо гузаронида паҳлӯҳои гуногуни зиндагии онҳоро ифшо кардаанд.

Баҳринисо Абдураҳмонова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Диёр” дар ҳамоише дар Хуҷанд, ки ба риояи ҳуқуқи инсон ба хусус афроди бесарпаноҳ бахшида шуда буд, гуфт, шумораи ин гурӯҳ сол аз сол дар ҳоли зиёдшавист.


Онҳо аз беморӣ ҷавон мемиранд

Ин афрод ба далели муноқишаи оилавӣ, фурӯхтани хона дар пайи мушкилии иқтисодӣ, қарздорӣ аз бонкҳо, баъди озод шудан аз маҳбас ва баъди юаромадан аз хона - интернатҳо бепаноҳгоҳ мондаанд. Бештар аз ними бесарпаноҳон (52%) гуфтаанд қаблан соҳиби хонаи шахсии худ буданд, вале ба далелҳои гуногун аз даст дода дар кӯча мондаанд.

“Бесарпаноҳон ҳамчунин, нафарони ихроҷ ё депортшуда, муҳоҷирони дохилӣ ва хориҷӣ, намояндагони баъзе ақаллиятҳои миллӣ ва то ҳатто ноболиғон ҳастанд. Онҳо дар биноҳои вайронаи сохтмонаш нотамом, таҳхонаҳо, гаражҳо,  қабристонҳо дар шароити ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунанд. Бештари ин гурӯҳ аз сабаби бесаводӣ ва тангдастӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоранд ва аз ин рӯ  наметавонанд ёрии тиббӣ бигиранд. Онҳо бар асари бемориҳои музмин ва сироятӣ аз қабили ВИЧ/СПИД, гепатит, сиррози ҷигар, сил ҷавон мемиранд”, - гуфт Абдураҳмонова.

Таҳқиқот байни 100 нафар афроди бесарпаноҳ  нишон дод, ки 54% онҳо аз 18 то 44 сола, 14% аз 44 то 60 сола ва 2% аз 60 сола боло ва ё то 18 сола мебошанд. Инчунин, 94% шаҳрванди Тоҷикистон буда, 4% шахсони бешаҳрванд ва 2% хориҷиён ҳастанд. Аз рӯйи ақалиятҳои миллӣ аз ин шумора 42% тоҷикон, 25% ӯзбекҳо, 21% русҳо буда, 12% дигар тотору украин, кореягӣ ва африқоӣ мебошанд.

Рӯзе 10-30 сомонӣ пул меёбанд

Аз 100 нафари пурсидаҳудагон 30 нафар ҳеҷ гоҳ оила барпо накардаанд, 28 нафар аз оилаҳои худ ҷудо шуда 17 нафар бевазан ё бешавҳар ва 25 нафар соҳиби оила буда, дар маҷмӯъ, 48 фарзанд доранд.

“Ин кӯдакон метавонанд мавриди зӯроварии ҷинсӣ ё иҷтимоӣ қарор гиранд. Аз сабаби набудани сабти ном ва ҷойи аниқи истиқомат баъзе кӯдакон ба мактаб намераванд ва дар натиҷа бесавод мондаанд. Тадқиқот нишон дод, ки 14% онҳо маълумоти ибтидоӣ ва 17% маълумоти миёна надоранд”, - гуфт Баҳринисо Абдураҳмонова.

Ин таҳқиқот нишон дод, ки аксари бесарпаноҳон дар соҳаи кишоварзӣ, сохтмон, кафшергарӣ, челонгарӣ, тиҷорат, хизматрасонии маишӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ронандагӣ таҷриба доранд. Ҳатто 78% онҳо қаблан соҳиби ҷойи кор будаанд, вале бо сабабҳои гуногун аз ҷойи кори худ маҳрум шуданд. Танҳо 11%  ҷойи кори доимӣ доштаанд. Бесарпаноҳон гуфтаанд, дар як рӯз аз 10 то 30 сомонӣ ва зиёдтар аз он маблағ кор мекунанд.

Аксари онҳо шиноснома надоранд ва дарёфти шиноснома ба ин афрод басо мушкил буда муаллифони таҳқиқот мегӯянд, инро бояд дар якҷоягӣ мақомот ҳал кунад. 85% пурсидашудагон гуфтаанд, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бесарпаноҳ ё “бомж” шудаанд.


Расман 1 “бомж” дар Суғд ба қайд гирифта шудааст

Шоира Собирова, ҳомии ҳуқуқи инсон ва яке аз ташаббускорони ин таҳкикот дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, тибқи барӯйхатгирии умумии аҳолӣ дар соли 2010, танҳо 1 нафар бесарпаноҳ дар вилояти Суғд расман ба қайд гирифта шудаасту халос.

Омори ахири барӯйхатгирии аҳолӣ ва манзил дар Тоҷикистон, ки соли 2020 анҷом ёфт дастрас нест ва маълум нест чанд нафар афроди даркӯчамонда расман сабт шудаанд.

“Дар сатҳи давлатӣ мо сиёсати пешбурди ҳуқуқҳои бесарпаноҳонро надорем. Имрӯз пешниҳод шуд гурӯҳи корие созмон ёбад ва ин сиёсат бозбинӣ шавад. Бояд механизмеро ба роҳ монд, ки барномаи кӯмаки ҳуқуқӣ ба нафарони бесарпаноҳ ҳамаҷониба омӯхта шавад ва тағйирот дар қонунгузорӣ ворид гардида мутобиқ ба стандартҳои байналмиллалӣ қабул гардад”, -мегӯяд ҳомии  ҳуқуқи инсон.


Дар нишаст коршиносону, созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳод намуданд, ки раванди шиносномадиҳӣ ба ин афрод бозбинӣ шавад ва онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ баргардонида шаванд. Роҳбарияти ТҶ “Диёр”, ки ду сол пеш ба 20 шахси бесарпаноҳ дар гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият кӯмак карда буданд, гуфтанд, ин раванд хело мушкилу мураккаб аст ва бояд ҳукумат низ ба ин кор таваҷҷӯҳ кунад.

Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, давоми ду соли охир танҳо дар шаҳри Хуҷанд 30 нафар аз афроди бехонумон дар кӯчаву гаражҳо ва дигар ҷойҳо фавтидаанд, ки синни миёнаи онҳо 35 сол буд. Аз соли 2020 то нимаи аввали соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 12 нафар бесарпаноҳон дафн карда шуданд.