Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 21-22 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар аст.

Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ бошиддат борон меборад (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борон бо гузариш ба барф).

Дар ҳавзаи дарёҳои Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон ва дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои 21-22 октябр дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлону Суғд, Ноҳияҳои тобеи марказ ва ВМКБ пурзӯр шудани суръати вазиши шамол то 17-22 м/с, ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ – тӯфони чангу ғубор дар назар аст.

Рӯзҳои 22-23 октябр ҳарорат рӯзона7-12 дараҷа поин меравад.

Дар ин робита КҲФ бо назардошти сардиҳо, ба сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳ муроҷиат намуда, аз онҳо дархост кардааст, ки ҳарчи зудтар ҳосили пухтаро ҷамъ оранд ва ҳосили ҳоло нопухтаро бо плёнка пӯшонанд.

Дар вақти шиддатёбии вазиши шамол Кумита худдорӣ аз баромадан ба берун аз биноро тавсия медиҳад. Назорат ва нигоҳубини доимии кӯдакон муҳим аст.

Зимни ҳаракат дар роҳҳои минтақаи кӯҳистон ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки фосила ва суръати иҷозашударо қатъиян риоя намоянд, зеро фаромадани сангреза аз эҳтимол дур нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.