Соли 2021 дар Тоҷикистон 518 ҳодисаи даст ба худкшӣ задан ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шуд, ки 47 ҳолат камтар нисбат ба соли 2020 мебошад. Ин маълумоти ВКД-ро зимни нишасти хабарии рӯзи 14 феврал сардори шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ Сабоҳати Рустам баён кард.

Дар ҳамин ҳол, шумори ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани занон 26 ҳолат кам шуда, дар маҷмӯъ 246 ҳолатро ташкил додааст. Соли 2020 занон дар 272 ҳолат ба ин амал даст зада буданд.

Аз шумори умумии ҳодисаҳои худкушӣ байни занон (дар соли 2021) 52 ҳолат ба ноболиғон дахл дорад, ки ҳамагӣ 1 ҳолат камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 аст.

Сабоҳати Рустам таъкид дошт, ки шумори бештарини ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани занон дар вилояти Суғд а қайд гирифта шудааст.

Сабабҳои асосии ин ҳодисаҳоро ӯ хушунати оилавӣ, муддати тӯлонӣ дар муҳоҷират қарор доштани ҳамсарону падарон ва вазъияти ноустувори моддӣ номбар кард.

“Барои ҳалли ҳамаи мушкилоти мавҷуда тадбирҳо андешида истодаем. Мо даст болои даст гузошта намешинем”, - иброз дошт мансабдор. Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи баъзе далелҳо раиси Кумита шахсан ба маҳали ҳодиса рафта, бо аҳолӣ ва аъзои ин оила, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суҳбатҳо гузаронид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.