Бонки марказии Русия ҳаҷми интиқоли пулро барои резидентҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) то 5 ҳазор доллар (ё маблағи баробари он бо дигар асъори хориҷӣ) маҳдуд кард.

Дар мактуби Бонки марказии ин кишвар ба ташкилотҳои қарзӣ аз 5 март қабули чунин қарор “таъмини суботи молиявӣ” дар шароити “тағйирёбии зиёд (баланд) дар бозори асъор” маънидод мешавад.

Маҳдудиятҳо нисбати интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ, аз ҷумла интиқоли пулҳои электронӣ ба хориҷа ба фоидаи дигар шахсони воқеии резидент, аз ҷумла шахсоне, ки ҳамсар ё хешовандони наздики онҳо мебошанд, татбиқ мешаванд.

Маҳдудиятҳо инчунин ба интиқоли маблағ аз суратҳисобҳои резидентҳо дар хориҷа ба фоидаи дигар шахсони воқеии резидент, ки ҳамсар ё хешовандони наздики онҳо нестанд, низ дахл дорад.

Илова бар ин, маҳдудиятҳо нисбати интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ, аз ҷумла пулҳои электронӣ ба хориҷи кишвар ба шахсони воқеии ғайрирезидентӣ, аз ҷумла ба шахсоне, ки ҳамсар ё хешовандони наздики онҳо мебошанд, татбиқ мешаванд.

Мутобиқи Қонуни федералии Русия “Дар борат танзим асъор в назорати асъор”, шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандони хориҷие, ки бар асоси Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) доимо дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд, резидентҳо мебошанд.

Ин ба интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон таъсир мерасонад?

Матбуоти Русия ин чораҳои навро на танҳо ҳамчун маҳдудият барои шаҳрвандони Русия дар интиқоли маблағ ба хешовандон дар хориҷа, балки ба хориҷиён низ шарҳ медиҳад.

Коршиносони “Радио Business FM” дар ин робита изҳор намудаанд, ки ин тадбир дар асл манъи баровардани пул аз Русия барои хориҷиён аст ва барои шаҳрвандони кишварҳое, ки таҳрим ҷорӣ накардаанд, маҳдудият (лимит)-и то 5 ҳазор доллар ҷорӣ шуд.

Раиси Кумитаи марказии Иттифоқҳои касабаи муҳоҷрони корӣ Ренат Каримов бар ин назар аст, ки ин маҳдудият ба муҳоҷирон аз собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дахл нахоҳад кард. “Аввалаш он аст, ки онҳо маблағҳои начандон зиёд интиқол медиҳанд ва дуюмаш, инро метавон бо рубл ҳам тариқи якчанд низоми пардохт анҷом дод”, - шарҳ додааст вай.

Дарвоқеъ ҳам, ҳамин тавр аст. Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, маблағи як интиқол аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта - 154 доллар, ба Ӯзбекистон - 441 доллар ва Қирғизистон - 192 долларро ташкил додааст.

Ғайр аз ин, раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ)  қаблан хабар дода буд, ки то 90% интиқоли пул ба ҷумҳурӣ бо рубл ворид мешавад.

Мувофиқи дастури БМТ, аз соли 2016 бонкҳои Тоҷикистон маблағи интиқолро ба шахси таъиншуда бо пули маҳаллӣ (сомонӣ) медиҳанд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар зарфи 9 моҳи соли 2021 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 1,3 млрд доллар фиристодаанд, ки 5,6%  зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст. Маълумот оид ба натиҷаҳои солро Бонки марказии ин кишвар нимаи моҳи март нашр мекунад.

Вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, аз ҷумла БМТ аз додани маълумот ба ВАО дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағ худдорӣ мекунанд, ҳарчанд тибқи қонунгузорӣ ҳеҷ маҳдудияте нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.