Дар кинотеатри “Зебуннисо” шоми рӯзи 10 май 85-умин солгарди ҳунарманду коргардон ва нависандаи маъруф Ҳошим Гадо ҷашн гирифта шуд. Ба табрики соҳибҷашн намояндагони ҳукумат, ҳамкорону дӯстон, ходимони санъату адабиёт, шогирдон ва мухлисони ҳунари ӯ ҳозир шуданд.

Дар майдони назди кинотеатр меҳмонон соҳибҷашнро пешвоз гирифтанд. Ҳошим Гадо гуфт: “Интизорӣ надоштам, ки маро чунин истиқбол мекунанд. Аз ҳамаатон миннатпазирам!”.


Дар назди даромадгоҳи кинотеатр раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод ба Ҳошим Гадо ҷомаи зарбофт ва тоқӣ туҳфа кард.


Миёни меҳмонони ба ҷашн ҳозиршуда сарояндаи маъруфи Тоҷикистон, устод Далер Назаров низ ҳузур дошт.

“Ифтихор дорем, ки имрӯз ба ҷашни устоди дӯстдоштаамон Ҳошим Гадо гирдиҳам омадем. Шахсан барои ман ӯ шахси бузург аст, зеро дарвоқеъ ҳам инсони озоду хӯҷаини ҳаёти худаш мебошад. Сифати беҳтари инсон - озодист. Аз ин рӯ, устоди гиромӣ, Шуморо аз самими қалб табрик гуфта, орзуманди онем, ки ҳамин тавр боз муддатҳои тӯлонӣ ҳамроҳи мо бимонед. Касби мо офаридани оҳангу мусиқӣ ва сароидан аст. Беҳтарин чизест, ки имрӯз барои Шумо ҳадя овардаем”, - изҳор дошт ӯ.


Ҳунармандро ҳамчунин муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафар, муовини директори “Тоҷикфилм” Толиб Ғайбуллозода, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода ва дигарон муборакбод намуда, ба ӯ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.


Пас аз қисмати табрикоту шодбошиҳо нахустнамоиши расмии филми коргардон Ҳамро Розиқов ”МЕ” доир гардид, ки аз ҳаёту эҷодиёти Ҳошим Гадо ҳикоят мекунад. Ин филм дар якчанд шаҳрҳои Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст.

1/22

Ҳаёту эҷодиёти ҳунарманд

Ҳошим Гадо — ҳунарпешаи театру синамо, коргардони театр ва нависанда, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1979), Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1973). Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2017).

Ҳошим Гадо 10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб зода шудааст. Дастпарвари Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) (1960) ва Курсҳои олии коргардонии ГИТИС (1965) аст.

Аз соли 1961 то кунун ҳунарпеша ва коргардони Театри академи- драмавии Лоҳутӣ аст. Ҳунарнамоӣ дар киноро аз соли 1963 оғоз карда ва то кунун чандин нақш, аз ҷумла нақши Сӯҳроб, Фердинан, Гамлет, Хлестаков, Исмоили Сомонӣ, Эдип ва дигар нақшҳоро офаридааст.

Ҳошим Гадо ҳамчунин коргардони бисёре аз намоишҳост ки маъруфтаринашон намоиши «Эдип» аст, ки беш аз сад бор иҷро шудааст. Вай соли 2008 дар чорчӯби ҷашнҳои бузургдошти Абу Абдуллоҳ Рӯдакӣ намоишномае дар бораи зиндагии сардафтари адабиёти порсӣ офарида ва намоиш дод. Вай ҳамчунин дар беш аз 50 филми коргардонони тоҷик ва хориҷӣ нақш иҷро кардааст. Ҳафтаномаи «Чархи гардун» беш аз 10 сол аст, ки ҳикоёти фалсафии ӯро чоп мекунад.

Ҳошим Гадо муаллифи 11 китоб бо номҳои зерин аст: «Розҳо», «Асо», «Танҳо», «Андешаҳо», «Я!?», «Кунҷ», «Кометы», «Ҷонбуз», «Ку», «Думы», «Мой Сухроб», «О Сократе».

Ҳошим Гадо барои офариниши нақши Сӯҳроб дар театр дар адабиёти порсӣ, меъморӣ, пайкарнигорӣ, ториху фарҳанги асри Фирдавсӣ, тангашиносӣ ва тарроҳии пӯшок пажӯҳиш бурд ва варзишу бадансозӣ карду тану дасту бозуяшро обутоб дод. Ин ҳама сахткӯшии вай натиҷаи бисёр хубе ба бор овард — мунаққидон ин намоиш ва бозии ӯро чунон хуш пазируфтанд ки аз он замон то кунун филми «Рустам ва Сӯҳроб» яке аз беҳтарин филмҳои сохтаи замони шуравии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ҳошим Гадо дар саҳна беш аз 150 нақшро бозӣ карда, намоишҳои зиёдеро ба саҳна гузоштааст. Муҳимтарини онҳо "Шоҳи Эдип" -и Софокл мебошад, ки  беш аз сад маротиба дар саҳна гузошта шудааст. Барои солгарди Рӯдакӣ дар соли 2008, ӯ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин шоир ва мутафаккир намоише ба саҳна гузоштааст.

Номбурда  дар беш аз 50 филми коргардонҳои тоҷик ва хориҷӣ дар киностудияҳои "Тоҷикфилм", "Узбекфилм", "Озарбойҷонфилм", "Беларусфилм" нақш офаридааст. Дар бештар аз 100 нақш дар филмҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ овоз додааст.

Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» устоди ҳунар, соҳибҷашн Ҳошим Гадоро бо ин санаи фархунда самимона табрику таҳният гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ, умри дароз ва комёбиҳои нави эҷодӣ орзу мекунад!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.