Дар Душанбе таҳқиқоти нави ба кадом васоити ахбори умум афзалият додани аҳолии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Таҳқиқот нишон дод, ки аҳолии ҷумҳурӣ ба телевизион, ки дар ҷумҳурӣ оммавӣ ва дастрас аст, бештар талабот дошта, 96%-и пурсидашудагон истифодабарандагони телевизион мебошанд.

Дар радабандии шабакаҳои марказии телевизион ТВ “Сафина” (63%) пешсаф буда, зинаҳои баъдиро ТВ “Тоҷикистон” (59%) ва ТВ “Синамо” (37,6%) ишғол кардаанд.

Дар маҷмӯъ 92%-и пурсидашудагон ба шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон талабот дошта, дар идома шабакаҳои телевизиони Русия - 32%, Ӯзбекистон - 27,4%, Эрон (форсизабон) - 24,95 ва Афғонистон - 8,8% қарор доранд.

Дар муқоиса бо соли 2019 радиоҳо қариб 1%-и шунавандагони худро аз даст додаанд. Аз шумори умумии пурсидашудагон радиоро имрӯз 39,7%-и пурсидашудагон гӯш мекунанд.

Байни шабакаҳои давлатӣ бори сеюм аст, ки радиои “Садои Душанбе” (38,8%) пешсаф аст.

Дар байни радиоҳои мустақил бори нахуст зинаи ававлро радиои “Ватан” ишғол намуда, радиои “Имрӯз” як зина поин фаромад. Мақоми сеюмро маъмулан радиои “Азия-Плюс” касб кард.

Дар сегонаи радиоҳо дар Душанбе низ сегонаи пешсаф “Ватан”, “Имрӯз” ва “Азия-Плюс” мебошанд.

Набӣ Юсупов
Asia-Plus

Дар байни нашрияҳои давлатии чопӣ мақоми аввал ба “Ҷумҳурият” ва миёни нашрияҳои мустақил - ба “Оила” дода шудааст. Ба сурати умум вазъи марбут ба ВАО-и чопӣ бад шуда, айни замон шумори истифодабарандагони газета то 32,4% поин рафтааст, ки 11% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад.

Пурсидашудагон ишора кардаанд, ки дар байни сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар аз Youtube, Instagram ва Facebook истифода мекунанд.

Яке аз пешсафони радабандиҳои пешина - Odnoklassniki.ru аз зинаи дуюм ба панҷум поин рафт.

Миёни сомонаҳои ватанӣ дар се мақоми аввал сомонаи эълонҳои рекламавии somon.tj  ва сомонаҳои иттилоотии “Озодӣ” ва “Азия-Плюс” номбар шудаанд.

Қобили зикр аст, ки чунин таҳқиқот маротибаи сеюм гузаронида шуд. Ду таҳқиқоти аввал солҳои 2018 ва 2019 баргузор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.