Раҷаб Мирзо, журналисти мустақил, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, маъмури гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” бо нашри як мyроҷиатнома аз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ хост, ки ба қазияи рӯзноманигор ва блогнависи мустақил Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ расидагӣ кунад.
Дар ин муроҷиатнома, ки дар гурӯҳи фейсбукии "Ахбор барои афкор" нашр шудааст, дархост мешавад, ки назорати қазияи мазкурро шахсан шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба зимма бигирад, то “шахсони манфиатдор”, ки обрӯи худро аз давлат ва ҳукумат бештар медонанд, махсусан дар ҳоли ҳозир, ки минтақаи мо зери бархӯрдҳои ноаён, аммо шадиди геополитикиву геостратегӣ қарор дорад, суистифода карда натавонанд.
“Тамоми ҳафтаи гузаштаро хабари мавриди шиканҷа қарор гирифтани Далери Эмомалӣ аз ҷониби яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе пур кард, - омадааст дар муроҷиатнома. - Мардум аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ин амалкардро маҳкум намуда, дархост доштанд, ки ин мавзӯъ бояд мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор бигирад”.
Ӯ афзудааст: "Қаблан созмонҳои журналистӣ ҳам аз мақомоти давлатӣ хостанд, ки ба ин қазия баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Мутаассифона ба ин муроҷиат то имрӯз вокунише сурат нагирифт."
Рӯзноманигор илова намудааст, ки "дирӯз хабари дигаре расид, ки аввал Далери Эмомалиро аз роҳ ба сӯи вилояти Суғд боздошт намуда, дертар Абдуллоҳи Ғурбатиро ҳам мақомот ба сӯҳбат даъват намудаанд. Бо гузашти чанд соат мақомот мавқеи расмии худро дар ин маврид нагуфтаанд, ки ин ду шахси ҷамъиятӣ бо чӣ иттиҳомоте муттаҳам мешаванд."
Муассиси гурӯҳи "Ахбор барои афкор" гуфтааст, ки хабарҳое то мо расид, ки Далери Эмомалиро барои насупоридани андоз ва фирор аз масъулият, Абдуллоҳи Ғурбатиро тахминан “барои муқобилият ба намояндаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ” гунаҳкор кардан мехоҳанд.
"Агар мавқеи мақомот ҳамин бошад, мо мутмаинем, ки ҳарду ҳолат дур аз воқеият аст. Зеро, Далери Эмомалӣ ҷое фирор накардааст. Пас аз ин қазияҳо низ аз кӯчаҳои Душанбе ва навоҳии дигари Тоҷикистон видеогузориш мекард. Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ ончунон тануманд нест, ки тавонад бо корманди милиса сар ба сар шавад. Ин бар иловаи оне, ки ахлоқи хуб дошта, аз ҳуқуқҳои худу дигарон хуб огоҳӣ дорад."- зикр шудааст дар муроҷиатнома.
Раҷаб Мирзо таъкид кардааст, ки натиҷа, чунин мавқеъгириҳои мақомот, ки мутмаинем аз бедалелии онҳо бармеояд, обрӯи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хоса шаҳри Душанберо, ки Шумо барои имиҷи мусбати он талош доред, коҳиш хоҳад ёфт.
"Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе аз гурӯҳҳои мухолифи дар хориҷ қарордошта фаъолиятҳои Далери Эмомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва чанд журналисти мустақили дигарро “проекти Рустами Эмомалӣ” “ба хотири нишон додани демократия дар Тоҷикистон” арзёбӣ карда, ба фаъолияти онҳо нобоварона баҳо медоданд. Яъне онҳо мардуми дохилу хориҷи мамлакатро “бовар кунонидан” мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна нишонаҳое аз демократия ва озодии сухан вуҷуд надорад. Мо ба ин назарем, ки ин ду нафар самимонаву содиқона ва беғаразона рисолати касбии худро иҷро мекарданд ва исбот менамуданд, ки дар дохили кишвар ҳоло ҳам василаҳои гуфтани воқеиятҳо вуҷуд дораду барои гуфтани “ҳақиқат” набояд ба гурӯҳҳои иртиҷоиву мухолиф рӯ овард."-омадааст дар муроҷиатномаи Раҷаб Мирзо.
Ӯ илова намудааст, ки дар сурати ниқорталабона муносибат кардани мақомоти Тоҷикистон ба ин ду нафар, танҳо онҳо ба нерӯҳои беруна далел хоҳанд доду бас.
"Мо гуфтан намехоҳем, ки ин ду нафар иштибоҳе дар фаъолият надоранд. Аммо вазифаи давлат ва ниҳодҳояш, ҳамон тавре медонед, танҳо аз муҷозот кардани шаҳрвандон иборат нест. Робитаи хуб, тавсияҳои барои ҷомеа муҳиму муфид ҳатман кори босифат натиҷа медиҳад. Далери Эмомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ низ аз шинохте, ки дорем, он нафароне нестанд, ки аз ҳамкорӣ саркашӣ намоянд."-навиштааст рӯзноманигор.
Дар охир ӯ ёдовар шудааст, ки хабари боздошти ин ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ норозигии зиёд ва ноумедиро ба бор овардааст, ки метавонад аз ин ҳолат ҳар нерӯи манфиатхоҳу ғаразкор суистифода намояд. Бовар дорем масъала то ин ҳад нахоҳад рафт...
Раҷаб Мирзо дар поёни муроҷиатномааш дархост кардааст, ки танҳо шахсу шахсиятҳои мушаххас, созмонҳои мудофеи инсон ва журналистӣ, ки бо ӯ ҳамназаранд, имзои худро бо аломати “+” ё нишон додани ному насабу самти кориашон гузоранд.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста