Соли ҷорӣ Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷандро 41 нафар хатм карда, аз ин теъдод 12 нафари онҳо бо дарёфти 2,5 млн доллар гранти омӯзишӣ ба донишгоҳҳои беҳтарини ИМА дохил шуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, директори Литсей Сурайёхон Неъматзода гуфтааст, онҳо дар озмунҳои бурсияи донишгоҳҳои ИМА ғолиб омада, соҳиби беш аз 2,5 млн доллари амрикоӣ грантҳои омӯзишӣ дар беш аз 20 донишгоҳҳои бонуфузи Амрико гардиданд.
“Ҳамзамон 18 нафар хатмкунандагони литсей ба донишгоҳҳои беҳтарини кишварҳои Олмон, Туркия, Австрия, Швейтсария, Булғористон ва Федератсияи Россия дохил шудаанд. 11 нафари дигар барои дохилшавӣ ба факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд, яъне, аз 41 нафар хатмкунандагони литсей 30 нафари онҳо дар хориҷи кишвар 11 нафар дар мамлакат таҳсили худро идома медиҳанд”, - иброз доштааст ӯ.
Ба гуфтаи директори Литсей, дар муассиса маҳфилҳои доимоамалкунандаи омӯзиши забонҳои англисӣ, чинӣ, русӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ тариқи ройгон ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза хонандагон баъди дарси асосӣ бо омӯхтани ин забонҳо машғуланд.
“Ин амр имкон медиҳад хонандагон забонҳоро азхуд намуда, дар озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намоянд ва соҳиби грантҳои омӯзишӣ гарданд”, - изҳор доштааст Сурайёхон Неъматзода.
Зимнан зикр шудааст, ки таҳсили толибилмони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи чаҳонӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон аз навовариҳои пешрафтаи дунё бохабар бошанд ва баъди хатми донишгоҳ барои рушди кишвар саҳм гузоранд.
“The Independent”: Маҳдӣ Муҷоҳид дар Эрон боздошт ва ба Толибон* супорида шуд
Ҷашнвораи 15-уми "Боми ҷаҳон" ба Хоруғ бармегардад
Тоҷикистон ягона кишвари пасошӯравӣ миёни камбизоаттаринҳо аз рӯи ҳаҷми ММД ба сари аҳолӣ аст
Дучархаи ба хотири қатли сайёҳон гузошта куҷо шуд? Шарҳи раҳбарияти ноҳияи Данғара
Таркиш дар масҷиди Кобул дастикам 40 кушта бар ҷой гузошт
Чин хостори густариши равобит бо Толибон* шуд
Шаҳрвандони Тоҷикистон барои одамрабоӣ дар Дубай маҳкум шуданд
Сафири ИМА дар Хоруғ чӣ кор мекард ва чӣ гуна Амрико ба ВМКБ кумак мекунад?
Медали биринҷии ҷудокорони тоҷик дар ҳисоби даставӣ дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
Маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Шевченкои Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста