Сабти силсилафилми “Хона” бо коргардонии Фарҳод Ғаффорпур дар яке аз рустоҳои шаҳри Конибодом идома дорад.
Мавсими аввали филм аз 10 қисм иборат аст ва филм аз он қисса мекунад, ки сарфи назар аз ҳоло дар қайди ҳаёт будани падар, се бародар мехоҳанд меросӣ падариро миёни ҳам тақсим кунанд, вале баъдан маълум мешавад, ки бародари хурдӣ хонаро дар бонк ба гарав гузоштааст.
Онҳоро мебояд аввалан хонаро аз гарав озод кунанд ва сипас байни ҳам тақсим намоянд. Барои сабти ин филм ҳунармандон аз театри Конибодом ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳури ҷалб карда шудаанд.
Буҷети филм тақрибан 500 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мегардад. Як қисми ин маблағ аз ҳисоби гуруҳи эҷодӣ ва боқимонда аз ҳисоби грант маблағгузорӣ шудааст. 70 фисади наворбародории ин филм дар яке аз рустоҳои шаҳри Конибодом аст. Коргардон ва ҳайати эҷодӣ барои сабти ин филм хонаи яке аз сокинони он деҳаро интихоб кардаанд.
Мавсими аввали филми “Хона” дар фасли зимистон ба рӯи экранҳо мебарояд. Инчунин филмро метавон дар кинотеатри онлайнии “Баҳор” ва шабакаи иҷтимоии ютуб низ тамошо кард.
Гуфта мешавад, ки онро дар телевизионҳои ҷумҳурӣ низ ба намоиш хоҳанд гузошт.
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста