Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон нусхаи дастнависи Қуръони карим дуздида шуд, хабар медиҳад Centralasia.media бо истинод ба хадамоти матбуоти Раёсати умури дохилии вилоят.
Гуфта мешавад, нусхаи китоби муқаддас шаби 9 ба 10 август рабуда шудааст. Шахсони номаълум нусхаи дастнависи китоби Қуръони каримро, ки дар макони зиёрати “Султон Увайси Қаранӣ” дар маҳаллаи “Балликӯл” дар ноҳияи Чортоқ нигаҳдорӣ мешуд, дуздида, ба самти номаълум ғайб задаанд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин робита бо моддаи 169 Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон (Дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, ҷараёни тафтишот зери назорати Раёсати умури дохилӣ ва прокуратураи вилоят қарор дорад.
Нусхаи дуздидашудаи Қуръони Карим аз абрешим соли 1874 тайёр шудааст. Баландии китоб 74 сантиметр, бараш - 51 сантиметр ва ғафсиаш - 12 сантиметрро ташкил медиҳад. Дар ҳар кадоме аз 426 саҳифаи китоб 13 сатр оятҳо навишта шудааст.