Донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон мудом ба иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ ҷалб мешаванд. Машқҳои омодагӣ ё худ маршировкаҳо (раҳпаймоиҳо) хеле пештар аз ҷашн оғоз мегарданд. Имсол ҳам донишҷёӯён дар давраи таътил ба машқҳо даъват мешаванд.

Донишҷӯдухтари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, дар ин робита чунин изҳор намуд: “Аввал ба мо гуфтанд, ки ин ихтиёрӣ аст. Ҳозир бошад, таҳдид доранд, ки хориҷ мекунем. Оё донишгоҳ ба хориҷ кардани ман барои иштирок накардан дар маршировкаҳои “ихтиёрӣ” ҳуқуқ дорад ва оё ба ман таҳдид карда метавонад?”.

Дар шарҳи ин масъала сухангӯи Донишгоҳи миллӣ ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки дарвоқеъ ҳам донишҷӯёни онҳо дар маршировкаҳо иштирок мекунанд, лекин барои рад кардан онҳо хориҷ ё баҳоҳояшон низ паст карда намешаванд.

Ба ҳар ҳол, агар мактабхонҳо ва донишҷӯёни мактабҳои олиро ба иштирок дар маршировкаҳо бо ишораи хориҷ кардан ё паст кардани баллҳо маҷбур созанд, пас онҳо чӣ кор карда метавонанд?

Роҳбари Дафтари озодиҳои шаҳрвандии Тоҷикистон Дилрабо Самадова посух мегӯяд.

Дилрабо Самадова
аз торнамои bbc.com

Иштирок дар маршировкаҳо қарзи ман ҳамчун донишҷӯ аст?

Не, қарзи донишҷӯ хондан, на иштирок дар чорабиниҳост. Тибқи қонун, иштироки мактабхонҳо ва кормандони ҳайати омӯзгорӣ дар ҳама гуна чорабиниҳое, ки ба ҷараёни таълим марбут нестанд, манъ аст.

Агар рад кунам, маро хориҷ карда метавонанд?

Мактабҳои олӣ мисли дигар муассисаҳои таълимӣ ба хориҷ кардан барои рад шудани иштирок дар маршировкаҳо ҳуқуқ надоранд. Ҷалби толибилмон ба ҳама гуна корҳои берун аз таҳсил манъ аст.

Дар сурати розӣ набудани донишҷӯ, омӯзгорон баҳои ӯро дар имтиҳонҳо ё баллҳояшро аз фанҳо паст карда наметавонанд. Иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ ба нақшаи таълимӣ дохил нест. Лекин дар ҳар кадоме аз мактабҳои олӣ санаде буда метавонад, ки дар он масоли ҷалби донишҷӯён ба чорабиниҳои оммавӣ дарҷ шуда бошад.

Ман “забонхати ихтиёрӣ” додам. Акнун маро барои рафтан ба маршировкаҳо уҳдадор мекунанд?

Дар ҳолате, ки донишҷӯёнро ба имзои ҳуҷҷат дар бораи иштироки ихтиёрӣ дар чорабиниҳо маҷбур месозанд, дар назар бояд дошт, ки ин забонхатҳо ҳукми қонунӣ надоранд ва аз ин рӯ, ҷавонро ба иштирок дар раҳпаймиҳо уҳдадор карда наметавонанд.

Дар ҳолате, ки агар “забонхати ихтиёрӣ” аз ҷониби донишҷӯ ғайриихтиёр навишта шуда бошад, ӯ метавонад ба мақомоти прокуратура муроҷиат кунад.
Сурат аз торнамои t-news.tj

Ман ягон рӯз ҳам дар маршировка иштирок кардан намехоҳам, барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ ба куҷо муроҷиат карда метавонам?

Донишҷӯёне, ки дар маршировкаҳо иштирок кардан намехоҳанд, дар сурати таҳдиди хорҷи кардан, метавонанд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд ё ба прокуратура ариза нависанд, дар ин бора ба Вазорати маориф хабар диҳанд ё бо ҳуқуқшиносон суҳбат кунанд.

Агар ман ин тавр рафтор кунам, оқибатҳояш бароям чӣ гуна буда метавонад?

Бори дигар. Муассисаҳои таълимӣ донишҷӯро барои иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ уҳдадор ё таҳдид карда наметавонанд, инчунин ба донишҷӯ таъсир расонида наметавонанд.

Агар ман тасмим бигирам, ки ба он ҷо меравам, пас барои иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ ва машқҳо бояд ба ман маблағ пардохт кунанд? Аз ҷониби кӣ бояд пардохт шавад?

Таҷрибае роиҷ аст, ки муассисаи таълимӣ бо донишҷӯ қарордоди корӣ мебандад ва дар ин сурат, барои иштирок дар маршировка маблағ пардохт шуда метавонад. Ҳамчунин ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки муассисаҳо бидуни қарордод стипендияи иловагӣ медиҳанд ё баллҳои иловагӣ мегузаронанд.

Уҳдадоранд, ки маро бо хӯроки нисфирӯзӣ таъмин ва роҳкирояро диҳанд? Чӣ қадар?

Донишҷӯёнро бо обу ғизо таъмин намуда, инчунин хароҷоти роҳашонро ҷуброн карда метавонанд. Арзиши пардохтҳои ҷуброн ё стипендияро ҳар як мактаби олӣ худаш мустақилона муқаррар мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.