Аз 10 то 14 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон 13-умин Фестивал-озмуни байналмилалии сиркӣ таҳти унвони “Садои Осиё” баргузор гардид, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари бадеии Сирки давлатии Тоҷикистон Мастона Собирзода иштирок ва ҳунарнамоӣ кард.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар Фестивал ҳунармандони сирки зиёда аз 20 нафар намояндагон аз 12 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Франсия, Россия, Венгрия, Монголия, Ветнам, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ширкат варзиданд.

Миёни ин кишварҳо ҳунарманди тоҷик Мастона Собирзода бо ҳунару маҳорати баланди эҷодӣ, дар намуди авлон баромад намуда, сазовори ҷои сеюм ва Дипломи Фестивал-озмун гардид, ки ин муваффақияти аввали ҳунарманд мебошад.

Мастона дар Сирки давлатӣ кору фаъолият дошта, шогирдони зиёдеро дар ин ҷода тарбият менамояд. Орзу дорад, то дар дигар озмуну фестивалҳои байналмилалӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардад.

Инчунин ӯ таваҷҷуҳи махсуси Раиси шаҳри Нур-Султон ва директори Сирки Беларусро соҳиб шуд.

Мо бо Мастона Собирзода cуҳбат ороста, талош варзидем, ки аз сирри муваффақиятҳояш воқиф гардем.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.