Деҳаи Чорқишлоқ дар шаҳри Исфара ҷойгир буда, аҳолии он бештар аз 5000 нафар аст. То ҳуҷуми қирғизҳо мардуми онҷо зиндагии осоишта доштанд. Аммо субҳи 14 – 16 - уми сентябр низомиёни қирғиз бо ҳуҷуми аҳдшиканонаи худ оромии ин мардумро ба ҳам заданд.
Хабарнигори “Азия Плюс” ба ҷойи ҳодиса рафт ва бо сокинони ин деҳаи наздимарзӣ, ки дар пайи таҳоҷуми асокири қирғиз хисороти зиёд дидаанд, суҳбат намуд.
Дар ин деҳа аз тири сарбозони қирғиз 14 нафар захмӣ ва 4 нафар кушта шудаанд. Ҳамчунин, беш аз 10 хона дар ин маҳалла оташ зада шудаанд.
Ба нақли мардуми деҳа субҳи 14 ва 16 - уми сентябр сарбозони қирғиз аз гранатмиёт чанд маротиба гулула партоб карданд, ки дар натиҷа хонаҳо оташ гирифтанд.
Баъди чанд дақиқаи интизорӣ, мардуми деҳа ҷамъ шуданд ва ба кӯмаки ҳамсояҳое, ки хонаҳояшон оташ зада шуда буданд, шитофтанд. Ин кӯшишҳои сокинони деҳа беҳуда буд, чун пас аз чанд лаҳзаи гулулаборони аввал сарбозони қирғиз дубора оташкушоиро шиддат бахшиданд, ки дар натиҷа 4 нафар қурбон ва 14 нафар захмӣ шуданд.
Сокинон нақл мекунанд, ки сарбозони қирғиз ваҳшиёна тирборон мекарданд ва ба ҳеҷ касу ҳеҷ чиз раҳм надоштанд.
Пас аз қатъи оташкушоӣ, сокинони зиндамондаи деҳа ҷасади 4 сокини кушташударо пайдо карданд, ки ду нафари онҳо ба таври ваҳшиёна кушта шуда буданд.
“Мо ҷисми порашудаи ду сокини кушташударо аз ҳавлии яке аз хонаҳо ҷамъ карда, дар селофанҳо гузоштем ва бурда ба хок супоридем”, - бо эҳсос нақл мекунад яке аз сокинони деҳа.
Пас аз гузашти чанд рӯз ҳам сокинон аз ин хонаи тирбороншуда пораи ҷасад пайдо мекарданд, ки нақли он даҳшатовар буд.
Ваҳшонияти сарбозони қирғиз ҳадд надошт. Онҳо ба қабристони деҳа низ гулӯла партоб карданд.
“Мо ҷасади духтараки 15-соларо, ки аз тири қирғизҳо кушта шуд, ба қабристон бурдем, то дафн кунем, аммо сарбозони ваҳшии қирғиз ба қабристон низ гулӯла партоб карданд. Маҷбур шудем, ҷасадро ба қабристони аз деҳа берун бурда, дафн кунем”, - мегӯяд сокини дигари деҳа.
Мардуми ин деҳа мегӯянд аз ҳамсояҳои қирғизи худ чунин ваҳшониятро интизор надоштанд. Акнун онҳо маҷбуранд бо воқеиятҳо созиш кунанд ва минбаъд муносибати худро бо ҳамсоягонашон бар асоси амали онҳо ба роҳ монанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.