Имрӯз, 5-уми октябр, дар Тоҷикистон “Рӯзи забони давлатӣ” таҷлил мегардад. Дар ин рӯзи соли 2009 қонуни нави забони давлатӣ дар кишвар қабул гардид ва ҳамин тариқ, Рӯзи забон ҳам аз 22-юми июл ба 5-уми октябр иваз шуд. “Азия-Плюс” дар ин рӯз, чӣ гуна аз 22-юми июл ба 5 –уми октябр гузаштани Рӯзи забон ва дар ин замина, тағйирот дар забонро ҷустуҷӯ кард ва аз забоншиносони кишвар оид ба вазъи кунунии забони миллӣ пурсон шуд.

Таърихчаи забони давлатӣ

Дар поёни ҳукуматдории Иттиҳоди Шӯравӣ умдатарин масоили миллӣ мавриди бозгӯйӣ қарор мегирифт ва аз ҷумла, ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ мавзӯи доираҳои гуногуни илмиву адабӣ гашта буд. Бо талоши зиёди зиёиён, донишмандон ва бархе сиёсатмадорони тоҷик 22-юми июли соли 1989 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд.


Нахустин тазоҳуроти ором

Салими Аюбзод, журналист ва яке аз шоҳидони тазоҳурот барои додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ менависад, ки “он аввалин гирдиҳамоии тоҷикон дар соли 1989 буд ва онро ду устоди донишгоҳ Барот Мақсудов ва Ҷумъахон Исоев ва як корманди фабрикаи пойафзол Сафари Мастонзод ташкил карда буданд”.

Ӯ дар идома мегӯяд, “Президенти вақти кишвар ё Раиси президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон Ғойибназар Паллаев ба минбари ин тазоҳурот баромадаву бо мардум радду бадал карда буд. Вай ваъда дода буд, ки талаби тазоҳуркунандагонро ба ҷо хоҳад овард ва ба ваъдааш вафо ҳам кард”.

“Тоҷикон аввалин мардуме дар ҳамаи Осиёи Марказӣ буданд, ки дар замони Шӯравӣ барои забону фарҳанги худ ба майдон баромаданд”, - менависад Аюбзод.

Ҳамин тариқ, зери “фишор”-и оммавӣ, 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)” қабул гардид. Тибқи қонуни мазкур, забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт.

Вале дар ҳамин ҳол, соҳибназарон мегӯянд, ҳарчанд дар он солҳо тадбирҳое барои татбиқи қонуни забони давлатӣ ба тасвиб расид, вале ҷанги шаҳрвандӣ нагузошт, ки онҳо пурра дар амал татбиқ шаванд.

“Хусусияти дузабониву сезабонӣ дошт”

Сайфиддин Назарзода, профессор, собиқ директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, пас аз қабули “Қонуни забони тоҷикӣ” тадбирҳои ҳукумати мамлакат барои дар амал татбиқ намудани ин қонун ба тасвиб расид, вале бо оғоз гардидани ҷанги дохилӣ он пурра иҷро нашуд.


“Дар соли 1995 ҳукумати кишвар бо назардошти ҷанги шаҳрвандӣ давраи татбиқ намудани “Қонуни забони тоҷикӣ”-ро дар Тоҷикистон дароз кард ва ин то соли 2000 тақрибан амалӣ гардид. Аммо қисматҳои хусусияти дузабониву сезабонӣ доштаи ин қонун бар хилофи сиёсати мамлакат буд. Яъне, “Қонуни забони тоҷикӣ” талаб мекард, ки ҳуҷҷатҳои расмӣ дар Тоҷикистон ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони ӯзбекӣ ба имзо расанд, аммо ин мувофиқи сиёсати дохилии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо набуд”, - гуфт Сайфиддин Назарзода.

Ӯ афзуд, “бо ин зиддунақзҳо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, барои тағйир додан ва комил кардани “Қонуни забони тоҷикӣ” дар соли 2006 комиссияи алоҳида ташкил намуд, ки он то соли 2009 фаъолият кард ва Қонуни нав “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро пешниҳод кард”

Қонуни нави забон аз қонуни аввала чӣ тафовут дошт?

Профессор Сайфиддин Назарзода афзуд, “он аз қонуни дар соли 1989 қабулгардида хеле комилтар ва ба манфиатҳои миллии тоҷикон мувофиқтар аст”.

“Ин қонуни нав ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дод ва хусусиятҳои дузабониву сезабонӣ доштаи қонуни пештараро лағв кард. Дар моддаи 3-юми он гуфта мешавад, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Аммо дар қонуни қаблӣ, дар баробари забони тоҷикӣ, забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ қарор дошт. Ин ҷанбаро қонуни нав барҳам зад”, - зикр кард профессор Назарзода.

Ин професори тоҷик хулоса кард, ки қабули Қонуни нав “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” давраи нави рушди забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон аст.

Чаро муҳим аст, ки мо забони худро мушаххас – тоҷикӣ гӯем?

Дар ҳамин ҳол, дар қонуни қаблии забони тоҷикӣ, ки соли 1989 ба тасвиб расид, забони мо “тоҷикӣ-форсӣ” номида шуда буд. Қонуни нав аз ин банд вожаи форсиро ҳазф намуд.


Иброҳим Усмонов, профессори тоҷик ва нависандаи аввалин мақола дар бораи додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ, дар сӯҳбат бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гуфтааст, “мо тоҷикӣ гуфта, ҳамон забонеро дар назар дорем, ки дар Осиёи Миёна таваллуд шуда, камол ёфтааст. Соли 1990 маҳз кӯшиши такрори ин иштибоҳ сурат гирифт ва хостанд, ки истилоҳоти форсии эронро ба мо кӯчонанд. Аммо мо ба ин роҳ надодем ва онро ислоҳ намудем”.

Оё бо иваз шудани Рӯзи забон мушкилоти забон ҳам бартараф шуданд?

Бархе коршиносон, ки мухолифи баргардонидани рӯзи забони тоҷикӣ ҳастанд, мегӯянд, бо иваз шудани рӯзи забон мушкилоти умдаи он то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Яке аз ин мухолифон Абдуқодири Рустам, адиби кишвар аст, ки мегӯяд, забони санадҳои расмӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ вазъи ошуфтае дорад ва дар бештари маворид нусхабардорӣ аз забони русист ва мо ҳанӯз забони меъёри умумиллӣ надорем.


“Як тоҷик чун дар маҳалли худ бо ҳамдиёрони худ ҳарф мезанад, ихтиёр дорад, ки бо гӯиши минтақаи худ суҳбат кунад, вале чун ба минтақаи дигар меравад, ё дар минбар ва дар пардаи телевизион зоҳир мешавад, бояд аз забони меъёри умумимиллӣ истифода кунад. Дар асноди расмӣ, муросилот, лавҳаю овезаи биноҳо бояд дар саросари маҳдудаи кишвар аз ҳамон як вожаю истилоҳот кор гирифта шавад. Аммо бо ин ҳама ганҷинаи бузург, метавон гуфт, мо ҳанӯз забони меъёри умумиллӣ надорем”, - нигаронӣ кард Абдуқодири Рустам.

Дар ҳамин ҳол, Умед Ҷайҳонӣ, забоншинос ва яке аз ҳимоятгарони забони тоҷикӣ дар кишвар, гуфт, имрӯз бештари таъсирро ба забони тоҷикӣ забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ доранд ва вожасозии имрӯзаи тоҷикӣ рӯбардор аз русиву ӯзбекӣ аст.


“Ҳеч мушкиле аз мушкилоти забони тоҷикӣ дар ин муддат ҳал нашуда ва забони давлатӣ дар ин муддат “рӯзбакитар” ҳам шуд. Манзурам истилоҳоти коргузории давлату ҳукумат аст, ки беш аз пеш ӯзбакисохт мешаванд. Хизматчиву ҳамсохтҳояшро кам доштем, ки акнун судиҷирочӣ ҳам ба онҳо афзудааст. Низомиёни Тоҷикистон ҳанӯз ҳам истилоҳоти русиро ба кор мебаранд, вале “хизматчиёни давлатӣ” лоф мезананд, ки тоҷикҳо 5 ҳазор сол пеш сипоҳу артиш доштанд. Бо ин лофу газоф намешавад кишвару артиш сохт”, - гуфт Умед Ҷайҳонӣ.

Ӯ дар робита ба роҳҳали ин иддао афзуд, “роҳаш якест ва он ҳам корбурди забони миллӣ ва истилоҳоти миллӣ дар коргузории давлату ҳукумат. Бо вомвожаҳои русиву ӯзбакӣ намешавад забонро миллӣ кард”.

Зимнан, донишмандон ва забоншиносони зиёде аз коста шудани забони гуфтугӯӣ ва навишторӣ мегӯянд. Онҳо ҳамеша аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки сокинони кишвар, махсусан ҷавонон, забони тоҷикиро намедонанд ва суҳбат кардан бо ин забон барои онҳо бегона аст. Ҳамин тариқ, онҳо аз забони матбуот, китобҳои дарсӣ шикоят мекунанд. Мардум, дар навбати худ, аз он шикоят доранд, ки харҷу марҷ дар забони тоҷикӣ зиёд аст, онҳо намедонанд, ки кадоме аз калимаҳои зиёди пешниҳодшавандаро истифода намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.