Имрӯз, 7-уми ноябр, зодрӯзи Абдураҳмони Ҷомӣ, шоири классики тоҷику форс аст. Дар хусуси зиндагинома ва осори ин шоири тавоно зиёд гуфтаанд ва як «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ худ ҷаҳони маънӣ аст. Аз Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шахси ҳикматшинос ва файласуф ҳам ном бурда мешавад, ки бо панду ҳикматҳои хеш ҳамаро ба худ қарин карда буд ва ҳатто ҳукмронони давр низ мафтуни донишу заковати ӯ гардида буданд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳим дар зиндагиномаи Абдураҳмони Ҷомӣ ин муносибати дӯстии ӯ бо Алишер Навоӣ, сардафтари адабиёти классикии адабиёти ӯзбек мебошад. Ҷомию шогирдаш Навоӣ бо ҳамдигар самимона дӯстиву ҳамкорӣ доштанд, ки он далели хуби муносибатҳои чандинасраи адабию фарҳангии байни тоҷикону ӯзбекон мебошад.

Солҳои охир, бо беҳ гаштани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки тайи чанд соли охир ба сарди гароида буд, дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ аз мавзӯҳои муҳиме дар суҳбатҳои сиёсатмадорони ду давлат гаштааст.

Муҷассамаи Ҷомӣ ва Навоӣ дар Ӯзбекистон
Намогирифт аз лавҳаи телевизионӣ

Ахиран иттилое дар робита тағиби дӯстии ин ду шахсиёти бузурги адабӣ паҳн гардид, ки тибқи он синамогарони ду кишвар тасмим гирифтаанд оид ба дӯстии Ҷоми ва Навоӣ филми муштарак сабт намоянд.

Ин тасмим соли 2021, зимни сафари президентони ду кишвар ба давлатҳои якдигар рӯи даст гирифта шуд.

Барои баррасии тарҳи филми таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” синамогарон аз ҳарду кишвар ҷалб шудаанд ва онҳо аллакай, чанд маротиба дар ҳарду кишвар мулоқот карда, тарҳи банаворгирии филмро баррасӣ намудаанд. Чанд созишномаҳо дар робита ба наворгирии ин филм низ ба имзо расида, қадамҳои аввалине  ҳам дар ин самт гузошта шуд. Мисоли барҷасати он, ҷалби Люк Бессон, коргардони машҳури фаронса, сенариянавис ва продюссери сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳайси мушовир дар таҳияи ин филм аст.

“Азия- Плюс” тасмим гирифт, ки ба муносибати зодрӯзи Абдураҳмони Ҷомӣ, аз рафти омодагӣ ба наворбардории филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” маълумот диҳад. Мо оид ба мазмуну муҳтаво, ҷалби ҳунармандон, маконҳои филмбардорӣ ва баъзе паҳлуҳои норӯшанӣ он бо Файзулло Файз, ки аз ҷониби Тоҷкистон ҳамчун коргардони асосии ин филм интихоб шудааст, суҳбат кардем.

Файзулло Файз

Ӯ дар оғози гуфтугӯ афзуд, баҳсҳо оид ба таҳияи филм бо ҳамкорони ӯзбекаш то ҳол ниҳоӣ нашудааст.

Номбурда гуфт, барои кадом қисматҳои муҳими зиндагинома, дӯстӣ ва осору ашъори ин ду шахсияти таърихиро дар бар гирифтани филм, аз ҳар ду ҷониб ба ҷуз филмсозон, олимон, ҷомеашиносон, таърихнигорон низ ҷалб шудаанд ва онҳоро роҳнамоӣ мекунанд.

“Азбаски мо наметавонем, як аср ё чанд асрро дар филм ба намоиш гузорем, бо кӯмак ва машварати олимону таърихшиносон чанд марҳалаи муҳими ҳаёти онҳоро, ки бо факту далелҳо тасдиқ шудааст, ба филм ворид кардем. Филмнома ба чанд боб ё бахш ҷудо мешавад, вале як хати достон дорад”, - гуфт Файзулло Файз.

Ба таъкиди ӯ, бахши аввал, “Устод ва шогирд” ном дорад ва дар он чанд саҳнаи машварати сиёсӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Ҷомӣ бо шогирди худ Навоӣ намоиш дода мешавад.

“Дустӣ” бахши дуввуми ин филм аст, ки робитаи самимии Ҷомӣ ва Навоиро дар симои халқи тоҷику ӯзбек нишон медиҳад.

“Ният дорем, дар ин бахш ба воситаи ду шахсияти барҷастаи таърих нишон диҳем, ки мардуми тоҷик ва ӯзбек асрҳо дар паҳлӯи ҳам чун ҳамсояи устувор зиндагӣ мекунанд. Албатта, решаи ин дӯстӣ аз Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сарчашма мегирад. Мақсад ба тасвир кашидани ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои Хуросону Мовароуннаҳри аҳди Темуриён, дар асри 15 аст”, - гуфт ин коргардони тоҷик.

Вай афзуд, бахши сеюм, “Адабиёт ва ҳунар” аст, ки дар он симои Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун як шахсияти барҷастаи таърихӣ ва адабӣ инъикос ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар филм нишон дода мешавад, ки Ҷомӣ дар тамоми марҳилаи давлатдорӣ яке аз машваратчиёни хуби Навоӣ ва Ҳусайн Бойқаро будааст.

Ҳамин тариқ, бахшҳои дигари филм “Миниатура”-ву “Фалсафа ва ирфон” мебошад ва дар умум, паёми филм дӯстиву бародарӣ ва сохтани таърих барои ояндагон аст.

Ин коргардони тоҷик гуфт, дар нақша аст, филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар шаҳрҳои  Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Хева, дар қалъаи Ҳисор, Оромгоҳи Мавлони Яъқуби Чархӣ, майдони сабт  (павилон)-и “Тоҷикфилм”-и Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар ба навор гирифта шавад.

Ҳамчунин, дар назар буд, ки бахше аз филм дар шаҳри Ҳироти Афғонистон ба навор гирифта шавад, аммо бо сабаби вазъи ноороми ин кишвар, қарор шуд, ки фазои шаҳри Ҳирот дар Ӯзбекистон ба таври сунъӣ бунёд гардад ва яке аз бахшҳои серхароҷоти филм ҳам маҳз ҳамин будааст.

Вай афзуд, ҳоло маконҳои филмбардорӣ ниҳоӣ нашудаст ва шояд чанд макони дигар ҳам дар Тоҷикистон ба ҳайси макони филмбадорӣ интихоб шавад.

Бо ишора ба он ки филм муштаракан ба навор гирифта мешавад, ҳунармандон ва таҳиягарон низ аз ду ҷониб интихоб шудаанд.

Файзулло Файз гуфт, таҳиягарони асосии филм муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”-и Тоҷикистон ва Агентии миллии “Ӯзбеккино”-и Ӯзбекистон аст.

Гуфта мешавад, ки филмномаро аз Тоҷикистон Сафар Ҳақдод, коргардону сенариянавис ва раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ва аз ҷониби Ӯзбекистон Юсуф Розиқов ва Рустам Ҷабборов, коргардон ва снариянависони ӯзбек навиштаанд.

Ҳунармандоне, ки интизор меравад дар филм нақшофарӣ кунанд, аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Туркия интихоб шуданд.

Файзулло Файз ҳунарманди мушаххасро аз Тоҷикистон, ки дар филм нақш меофарад ном набурд ва гуфт ин масъала ҳоло ниҳоӣ нашудааст.

“Ҳоло ҳатто маълум нест, ки кадом ҳунармандон нақшҳои асосии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навориро мебозанд”, - гуфт ӯ.

Ба қавли ин коргардон буҷаи филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” то ба ҳол ниҳоӣ нашудааст ва танҳо баъди пурра омода кардани нақшаи сабти филм он тасдиқ мешавад.

“Ҳар ду ҷониб - “Тоҷикфилм”-и Тоҷикистон ва “Ӯзбекфилм”-и Ӯзбекистон дар ҳоли омода кардани нақшаи сабт ва харҷи филм ҳастанд. То ҷое медонам, аз ҳар ду ҷониб ҳоло маблағи махсус ҷудо нашудааст», - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтии мо, буҷаи умумии филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” 10 млн доллари амрикоӣ буда, он аз ҷониби ду давлат ҷудо карда мешавад.

Ин коргардони тоҷик мегӯяд, дар нақша аст, ки банаворгирии филми мазкур соли 2023 оғоз гардад, дар ҳоле, ки қаблан гуфта мешуд, он охири соли 2022 ба намоиш гузошта мешавад.

Файзулло Файз дар бораи мушкилиҳои ҷойдошта ба таври мушаххас чизе нагуфт ва танҳо ишора кард, ки дар ин хусус аз масъулини “Тоҷикфилм” пурсон шавем.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъ дарёфтнамуда, барои сабти филм ҳама омода буда, танҳо ҷудо шудани маблағи пешнигардидаро интизоранд.

Ёдовар бояд шуд, ки пас аз нармиш дар муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳарду кишвар ба масоили рушди равобити фарҳангиву адабӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, пайкараи Ҷомӣ ва Навоӣ дар ҳар ду кишвар чун нишони муносибатҳои хуби дӯстии ду миллат гузошта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.