Норасоии ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти бисёрсола аст, ки махсусан дар назди меҳмонон – сайёҳоне, ки дар саросари кишвар сафар мекунанд, хиҷолатовар аст.
Тибқи маълумоти Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Душанбе, дар пойтахт 44 ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ кор мекунанд, ки 8-тоаш давлатӣ буда, онҳо дар қаламрави бозору марказҳои савдо ва иншооти давлатӣ ҷойгиранд.
Дар ноҳияи Сино 10 ҳоҷатхона, Шоҳмансур - 8, Исмоили Сомонӣ - 6 ва Фирдавсӣ - 20 ҳоҷатхона амал мекунанд.
Қобили зикр аст, ки аз ҳоҷатхона истифода бурдан дар Тоҷикистон пулакист - 1 сомониву 50 дирам.
Харитаи ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанберо манзуратон мекунем. Ба хотир гиред, лозим мешавад.