Далери Имомалӣ, яке аз рӯзноманигорони зиндонии тоҷик, ки дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) қарор дорад, бо ирсоли як мактуб ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” низ расид, баъзе ҷузъиёти парвандаашро ошкор кардааст.
Бо воситаи ин мактуб аз президент хоҳиш кардааст, ки ба қазияи ӯ ва ҳамкасбони дигараш (Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, дар назар аст.-муаллиф) бетаваҷҷуҳ набошад.
Далери Имомалӣ афзудааст, ки ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансурро аз 17-уми октябри соли 2022, ки нисбати ӯ 10 соли маҳрум сохтан аз озодиро тадбиқ кардааст, эътироф намекунад, зеро рафти тафтишот ва суд аз дурӯғу туҳмат ва духӯрагиҳои зиёд иборат буд.
Далери Имомалӣ гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ аъзои “Гурӯҳи 24”, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, набуд ва суҳбати ӯ бо яке аз аъзоёни ин гурӯҳ, ки ба гуфтааш, дар асоси хулосаи коршиносони Ваазорати адлия хусусияти ифротгароӣ доштааст, ноогоҳона сурат гирифтааст.
Дар охири мактуб номбурда огоҳ кардааст, ки дар сурати нашри ҳар гуна навор бо иштироки худи ӯ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба он бовар накунанд, зеро “видео ғайриқонунӣ, зери фишори равонӣ ва таҳқир” сабт шудааст.
“Азия-Плюс” матни комили муроҷиатномаи Далери Имомалиро, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нусхаи он ба сармуҳарирону роҳбарони ВАО-и дохилии Тоҷикистон - “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ”, “Садои мардум”, АИ “Ховар”, АИ “Азия-Плюс”, “СССР”, “Фараж”, “Тоҷикистон”, “Авеста”, ШТР “Ватан”, “Медиа-Алянс”, “НАНСМИТ” ва Шӯрои ВАО ирсол шудааст, бидуни тағйир нашр мекунад.
Номаи фарзандона
Дуруд ба Шумо. Аз маркази Душанбе, “Таваққуфгоҳи тафтишотии 9/1 СРИҶҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Ман “маҳкумшуда” бо моддаҳои 259 қисми 2, 346 қисми 2, 307 иловаи 3 қисми 2 Бобиев Далер (Далер Имомалӣ).
Ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур аз санаи 17-уми октябри соли 2022, ки нисбати ман 10 (даҳ) соли маҳрум аз озодиро татбиқ намудааст, эътироф намекунам. Зеро рафти тафтишот ва суд аз дурӯғу туҳмат ва духурагиҳои зиёд иборат буд. Талош мекунам дар шакли кутоҳ ба Шумо бирасонам.
Умедворам муҳтарам Президент, ки Шумо ҳамеша ҷонибдори ошкорбаёнӣ ҳақ гуфтан ва озодии ВАО ҳастед, ба ин парвандаи сохта таваҷҷуҳ мекунед.
Моддаи 307 иловаи 3 қисми 2, ки ҷонибдорӣ, ҳамрайъӣ ва иштироки фаъол дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар кишварро манъ мекунад, аз ҷониби муфаттишони ноҳияи Шоҳмансур ба ман татбиқ шудааст, пурра туҳмат мебошад.
Тамоми баҳси ин модда сари ҳамагӣ 10 (даҳ) ҷумлае меравад, ки дар мессенҷер суҳбати катбӣ шудааст. Ин суҳбат аз тарафи ман бо як блогери фаъол сурат гирифтааст, ки то замони тафтишот ман намедонистам, ки ӯ аъзои гуруҳи мамнуи “24” аст. Зеро дар рафти суҳбати мо умуман аз ин гуруҳ чизе ёд нашудааст. Дар акси саҳифаи ӯ низ ягон нишона аз ин гуруҳ набуд. Мазмуни асосии суҳбати мо сари он аст, ки асри 21 асри технолоҷӣ аст ва бояд ҳама гуна эътирозу шикоят ва гирдиҳамоӣ дар интернет бошад. Мардумро дигар кӯча даъват накунем.
Маҳз ҳамин мантиқи суҳбат гуё ба гуфти коршиносони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров К. ва Махатов Ботир муҳтавои ифротгароӣ доштааст. Агар ман медонистам, ки ҳамсуҳбати мо Вайсиддин Одинаев аъзои “24” аст, ҳеҷ гоҳ суҳбати катбӣ намекардам. Ин суҳбат ҳамагӣ як маротиба аст.
Дар кадом асос ҳукми суд маро аъзои ин гуруҳ донистааст, намедонам. Ман ҳеҷ гоҳ аъзои ягон ҳизбу ҳаракат набудам ва намешавам. Далели суд барои аъзои гуруҳи мамнуи “24” будани ман ягон ҳуҷҷат, аснод, факте нест, танҳо ҳамагӣ як суҳбати 10 (даҳ) ҷумлагӣ, ки дар замима пешниҳод мекунам.
Муҳтарам президент ва аҳли ВАО чанд далели мантиқие, ки ман аъзои ин гурӯҳи ифротӣ нестам:
1. Чаро ман, ки агар аъзои ин гурӯҳ бошам, то ҳол аз кишвар берун нашудам. Дар ҳоле ман ҳар сол як то се маротиба ба сафарҳои эҷодӣ берун аз кишвар мерафтам.
2. Агар ман аъзои ин гурӯҳ мешудам, чаро ин сӯҳбати катбиро тоза накардам?
3. Агар ман аъзои ин гурӯҳ мешудам, чаро телефон ва саҳифаҳои иҷтимоиямро дигар накардам?
4. Дар куҷои ин сӯҳбати мо ҳамраъйии ин гурӯҳ аст?
Ман ҳеч гоҳ ҷонибдори ин ва чунин гурӯҳҳои сиёсӣ нестам. Зеро позитсияи ман ба мушкилот ва иҷтимои кишварамон чун рӯзноманигор аст. Танҳо аз ҳамин сӯҳбати 10 (даҳ) ҷумлагӣ ман 7 (ҳафт) сол аз озодӣ маҳрум шудам.
Баҳси моддаи 259 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пурра сохта ва тӯҳмат мебошад. Тибқи санади сохтаи Хадамоти алоқа, ки аз ягон барномаи компютерӣ ё шабакаи интернетӣ истифода нашудаасту танҳо ҳавоӣ зарбу тақсим шудааст, гӯё ман беш аз 900 000 (нӯҳсад ҳазор) сомонӣ кор кардаам. Асли воқеа, ки худи барномаи Ютуб инро пешниҳод мекунад, ман ҳамагӣ 8 600 (ҳашт ҳазору шашсад) доллари амрикоӣ кор кардаам. Саҳифаи зарбу тақсими Хадамоти алоқа ва пешниҳоди Ютубро замима мекунам.
4. Муҳтарам президент ва аҳли ВАО чанд далели мантиқие, ки ман миллионер нестам!
1. Агар ман ин 900 000 (нӯҳсад ҳазор) сомониро аз Ютуб кор карда бошам, тавассути кадом бонк онро дастрас кардаам? Ё аз дасти кӣ гирифтаам?
2. Оё муҳтарам муфаттиш ва суд ба далелҳои ҳавоии Хадамоти алоқа бовар карда, чаро аз хизмати IT-технолог истифода набурданд?
3. Ин миллионро агар ман гирифта бошам, куҷо сарф кардам? Хона, мошин, сарват - чизе надорам!
Ман бо даъвати Кумитаи андоз, ки 04-уми июн ба ман расидааст, санаи 14-уми июн дар Хадамоти алоқаи ш. Ҳисор ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта ва омода будам аз 8600 доллар андоз супорам.
5. Қисми 2-и моддаи 259 зарар бояд бо 128 ҳазор сомонӣ бошад, аммо зарар чи, ки умуман фоидаи ман то ин ҳад маблағ намерасад.
Баҳси моддаи 346 қисми 2 низ, ки гӯё ман хабари бардурӯғ оид ба фаъолияти муовини раиси н. Шоҳмансур расонида бошам, пур аз духӯрагиҳо аст. Даъвогар Тоҳир Қаюмов ба ҳодисаи як сол пеш рух дода, нав аризаи шикоятӣ навишт. Дар ҳоле, ки баҳс баъди шикояти шифоии Қаюмов дар идораи амнияти ш. Душанбе ҳалшуда ба ҳисоб мерафт ва видеои мазкурро ман аз саҳифаам тоза кардаам.
Ин модда низ нисбати ман сохта аст.
1. Агар ман дар видеоям хабари бардурӯғ расонида бошам, он видео аз тарафи сокинони кӯчаи Шодии н. Шоҳмансур сабт шудааст на ман.
2. Ман ҷаноби Қаюмовро таҳқир карда бошам барои ин хатоям ман аз Қаюмов узр пурсидам ва видео ҳануз як сол пеш, моҳи сентябри 2021 аз саҳифаи ман пок шудааст.
3. Чаро дар вақти ҳодиса сентябри 2021, ки ба қабули худи Қаюмов Т. рафта будам, барои шарҳи воқеа эшон маро ба ҳузур напазируфтанд?
Рафти суд низ духӯрагиҳои зиёд дошт, ки ҳоло муфассал чанд ҳолатро шарҳ медиҳам.
1. Матни ҳукми судӣ пурра аз парвандаи тафтишотӣ нусха шудааст.
2. Нишондоди шоҳидон, ки пур аз духурагӣ буд, дар ҳукми суд умуман оварда нашудааст.
3. Чаро ҷараёни суди мо дар ҳузури ВАО нагузашт?
4. Чаро то вақти суд қариб 3 моҳ нагузоштанд, ки мо наздиконамонро бубинем?
5. Чаро далелҳои мо пешоварда дар ҷараёни суд ба инобат гирифта нашуд?
6. Магар ману дигар ҳамкасбонам аз террористӣ дар ДОИШ иштирок карда Парвиз Саидраҳмонов хавфноктарем, ки суди ӯ дар толори суд гузашту аз мо дар дохили тавқифгоҳ?
Аз ҳамаи Шумо, муҳтарам аҳли ВАО ва Президенти кишвар хоҳиш мекунам, ки ба қазияи ман ва дигар ҳамкасбонам бетаваҷҷуҳ набошед. Мо қурбонии бозиҳои як гуруҳи тоҷирон шудем. Шахсан ман, ки то ин вақт 28 ҷоизаву 3 диплом аз дохил ва хориҷи кишвар дар умри 35-солаам дорам, камтарин хизмат барои Ватан аст.
Зинда бод сулҳу субот ва оромиш дар дунё ва Тоҷикистон. ”Ватан дигарай”.
Далери Имомалӣ 18.11.2022 сол
PS: Бо иштироки ман ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода агар ягон видео нашр шавад, пешакӣ хабар мекунам ба ягон ҷумлаи он бовар накунед. Видео ғайриқонунӣ, зери фишори равонӣ (дашномҳо аз модар ва зан) аз тарафи капитан бори аввал сабт шудааст.
Бори дуввум боз бо иштироки ҳамин капитан, ки худашро корманди (контр-разведка) ба ман муаррифӣ карда буд, сабт такрор шуд.
Дар ошхонаи “Тавқифгоҳи тафтишотӣ”-идома ёфт. Ин навбат шояд иштироки Нусратулло Маҳмудзода буд, ки рафти сабт дашном накарданд. Умуман ба ягон ҷумлаи ман дар он навор хоҳиш бовар накунед, чун матн пешакӣ чоп шуда буд.
Хоҳиш, се фарзанди маро зинда ятим накунед!
Хоҳиш, мо нафарони эҷодкорро дар муассисаҳои ислоҳӣ баробари (дузд, қаллоб, одамкуш) набаред!
Хоҳиш, ҷурми 307-ро кам кунед(м), ки аксарият инҷо ҷавони зери 40-солаанд.
Хоҳиш, хатои сиёсии солҳои 30-юми асри 20-ро такрор накунем!
Хоҳиш, агар ҳақиқат ҳаст, марҳилаи баъдии судиро бо ҳузури ВАО гузаронед.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста