Сайрам Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҷеҳраи тобноки саъати театр ва кинои тоҷик имрӯз, 24-уми ноябр, ба синни 80-солагӣ қадам гузошт. Ӯ аз 80 соли умр беш аз 60 солро сарфи ҳунар кардааст.

Ҳарчанд худи ҳунарпеша хоҳиш намуд, ки дар ин рӯз аз зодрӯзаш ёдовар нашавем, аммо “Азия-Плюс” бо ин муносибат бо Сайрам Исоева сӯҳбат орост ва дар зер фирушдаи онро пешкаш мекунад.

- Ин солгарди умрро чӣ гуна ҷашн мегиред?

- Агарчӣ имрӯз 80 сола мешавам, аммо онро ҷашн намегирам.

- Чаро? Он чиро, ки мехостед, ба халқ, ба бинандаи худ дода тавонистед?

- Ростӣ, ҳамеша дар кор ҳастам ва лаҳзае дур нашудаам. Дар кору пайкори худ серталаб ҳастам ва то дами аз кори худ пурра қонеъ нашавам, онро кор намеҳисобам. То зодрӯз ман бояд як китоб аз фаъолияти худ нашр мекардам ва як намоиш ба саҳна мемондам. Аммо на ин шуду на он. Бо сабаби беморию серкорӣ ин нақшаҳоямро натавонистам амалӣ кунам. Барои ҳамин ҷашнвораро ба соли дигар мавқуф гузоштем.

- Ҳоло бо чӣ корҳо машғулед?

- Хеле серкорам. Ҳеҷ вақт бекор нишаста наметавонам. Рӯзе, ки бекор мемонам, он рӯз бемор мешавам. Нафаси ман, ҳастии ман, тамому орзуҳои ман - ин ҳунарам ва санъатам аст.


- Имрӯз ба сини мубораки 80-солагӣ мерасед, вале дар назар хеле ҷавон метобед...

- Мо 5 хоҳарон ҳамагӣ чунин ҳастем. Яъне, ба қавли шумо - ҷавон. Шояд сабаби асосӣ дар истифода накардани ҳар гуна ороишот бошад.

Баъдан, касби ман тақозо мекунад, ки ба нақш мувофиқ бошам. Гоҳо мешавад, нақши ҷавонзанро мебозам, гоҳи дигар нақши модар ё бибиро.  Ман ҳақ надорам аз нақши пешниҳодшуда даст кашам. Чунки он кори ман ва нони ман аст. Барои ҳамин, бо тақозои кор гоҳо пир мешаваму гоҳо ҷавон.

- Соли гузашта ба ҷоизаи "Дурдонаҳои Шоҳроҳи Абрешим" дар Ӯзбекистон мушарраф шудед. Он барои шумо чӣ арзиш дорад?

- Бо гирифтани ҷоизаи "Дурдонаҳои Шоҳроҳи Абрешим" ба қатори ситораҳои ҳунари сатҳи ҷаҳонӣ ворид шудам. Аммо касе намегӯяд, ки Сайрам Исоева низ дар қатори ҳунармандони машҳур Раҷ Капур, Никита Михалков, Нури Билге Ҷейлан ва Айтурган Темирова бо ҷоизаи махсус қадршиносӣ гардид. Таваҷҷӯҳи мардуми мо бештар ба худи ҷоизаам не, балки, мутассифона, ба миқдори маблағи он равона гардидааст.

Агар ман касбамро дӯст намедоштам, шояд бароям маблағи ҷоиза муҳим мешуд. Хушбахтона, ман касбамро дӯст медорам ва барои ман маблағ чизи асосӣ ҳисоб намешавад. Ҷоиза асосӣ буд, ба хусус таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба як зани ҳунарманди тоҷик асосӣ буд.

-Вақте саҳфаҳои рӯзгори шуморо варақгардон мекунем огоҳ мешавем, ки ҷоизаи "Дурдонаҳои Шоҳроҳи Абрешим", ин ҷоизаи аввалини Шумо дар Ӯзбекистон набуд...

- Ман Институти театр ва санъати ба номи И. А. Островскийи шаҳри Тошкандро хатм кардаам ва аз замони донишҷӯӣ то имрӯз бо синамои ин кишвар ҳамкории зич дорам. Маро дар ин кишвар ҳанӯз замони донишҷӯӣ, ки якбора аз курси дуюм қабул карданд, ба офаридани нақш дар филми “Хомӯшӣ намешавад” даъват карда буданд. Намехоҳам худситоӣ кунам, аммо ҳоло фикр мекунам, ки он замон ҷасорат доштаам.

Дар бештар аз 45 филмҳои Ӯзбекистон нақш офаридаам ва аз ин кишвари дӯст ҷоизаҳои зиёде гирифтаам.

- Дар збекфилм" шуморо дар нақши Нодирабегим дидаем. Чӣ тавр ба ин филм даъват шудед?

- Соли 1992 вақте ширкати "Ӯзбекфилм" хост филми "Ӯткан кунлар"-и Абдулло Қодириро ба навор бигирад, Ислом Каримов гуфт, Сайрам Исоеваро ба иҷрои нақши Нодирабегим даъват кунед. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Аммо баъди соли 1992 қариб рафту омад надоштем. Аммо вақте ба ин фестивал ба Тошканд даъват карданд, аввал дар ҳайрат будам, ки чӣ гуна ҷашнвора аст ва оё равам ё наравам? Ба ман гуфтанд, дар сарҳад пешвоз мегирем, хавотир нашавед. Рости гап, воқеан дар ҳайрат будам, ки чӣ хел баъди ин қадар сол маро ба кишвари ҳамсоя даъват карданд.

- Дар "Тоҷикфилм" нақши Гурдофаридро бозидаед ва дар "Ӯзбекфилм" нақли Нодирабегимро. Фарқ байни  ин ду нақшҳо дар чист?

- Байни синамо фарқ нест. Ҳама гап сари режиссёри филм аст, ки корашро чӣ хел иҷро мекунад. Тамом.


- Охирин бор барои нақшофарӣ ба кадом филм даъват шудед?

- Аз соли 2005 ба ин сӯ дар ягон нақш бозӣ накардаам.

- Чаро?

- Соли 2005 бо роҳбарии Барзу Абдураззоқов намоиши " Салом модар" -ро ба саҳна мондем, ки баъди ин ба ман ҷоизаи беҳтарин нақши занонаро доданд. Бо ҳамин Барзу рафт ва дигар режиссёрон аз пешниҳоди нақш ба ман худдорӣ карданд. Хоҳиш мекардам, ки бароям нақш диҳанд, аммо режиссёрони мо  метарсанд. Онҳо метарсиданд, ки ман намоиш таҳия карда, бо онҳо рақобат мекунам. Масалан, асари “Камоли Хуҷанди”-и Раҳим Ҷалил 4 сол боз тайёр, ҳунармандон банд, аммо иҷоза намедиҳанд, ки ба саҳна гузорем. Сабаб рақобати носолими режиссёрон аст.

То зодрузам асари “Куруш”-ро ба саҳна монданӣ будам. Инро роҳбарияти театр 8 моҳ пеш медонистанд. Аммо иҷоза надоданд.

- Дарвоқеъ, чаро Сайрам Исоева ба монанди Марям Исоева ба Душанбе накӯчид? Чаро дар Хуҷанд монд?

- Аввалан, насиҳати падар сабаб шуд, ки ман инҷо монам. Чунки падарам доим мегуфтан, “дарахт дар як ҷо месабзад”. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ман инҷо сабзидам, рушт кардам, шогирдони зиёдро тарбият кардам ва то тавонистам ба рушди театр саҳм гузоштам. Албатта, бо ин қонеъ нестам, аммо то зиндаам кӯшиш мекунам, рисолатамро ба ҷо орам.

Баъдан, ин суханро танҳо мухлисон не, апаам Майрам Исоева ҳам борҳо мегуфт, ки ба Душанбе биё, дар Театри Лоҳутӣ кор кун. Аммо ман қабул намекардам. Ба театр хиёнат накардам, ба дигар ҷо нарафтам.

- Замоне саркоргардони Театри Камоли Хуҷандӣ будед. Гирифтани “курсӣ” бо тасодуф буд ё бо пешниҳод?

- Ҳеч гоҳ орзу намекардам, ки дар курсӣ нишинам. Вақте эҷодкор курсиро мегирад, ба кори эҷодияш монеъ мешавад. Ман эҷодкор ҳастам. Ҳатто саркоргардон шуданам низ ногаҳонӣ буд. Раиси пешини вилояти Суғд маро даъват карда, гуфт, “Сайрам мегӯед, театр оилаи ман аст, вале оилаатон вайрон шуда истодааст”. Оила ҳеч гоҳ вайрон намешавад. Ман эҷодкор ҳастам ва ба ман курсӣ даркор нест. Ман на аз давлат, балки давлат аз ман қарздор аст, гуфтам ман.

- Чӣ тавр?, - пурсид раиси собиқи вилоят.

- Ман Сайрам Исоева ҳастам ва бояд кадр тайёр кунам, - гуфтам қотеъона.

Ҳамин тавр, баҳона даст дод ва пешниҳод шуд, ки як сол корро қабул кунам, то кадре тайёр шавад. Сипас, шогирдам Қурбон Бобоҷонов донишгоҳро дар Маскав бо ихтисоси коргардон хатм карда омад. Ӯ масъулиятро ба дӯш гирифт. Аз кори ӯ розӣ ҳастам.

- Театри тоҷик сол то сол камбинанда мешавад. Сабабро дар чӣ мебинед?

- Сабаби асосӣ ба дунё дода шудани ҷомеа аст. Имрӯз касе вақт надорад, ки ба театр ояд. Ба театр омадан як тараф истад, ҳатто имрӯз модарону хоҳарони мо вақт надорад, ки барои таълиму тарбияи фарзанди худ вақт ҷудо кунанд. То кай бо бурдани корҳои тарғиботӣ чанд донишҷӯро маҷбурӣ ба театр меоранд? Бояд шаҳрвандон бо хоҳиши худашон оянд! Вақте расидааст, ки театр байни мардум гардад. Ба минтақаҳо рафта намоишҳо додан даркор. Имрӯз инро пешниҳод кунӣ ҳама аввал ҳисобу китоби фоидаро мекунанд. Аммо ба пул чӣ кор доред? Ҳунарманд бояд ҳунарашро нишон диҳад. Шояд баъд мардум ба театр ҷалб шаванд.


Масалан, ҷанд соле пеш мо ба шаҳри Панҷакент рафта, як намоишро гузоштем. Як мард чунон ба тааҷҷуб афтода, бо ҳайрати том чашмонашро калон-калон кушода, тамошо мекард, ки дар аввал, ростӣ, ба дилам гуфтам, ки ё тоҷикиро намефаҳмад ё мушкили дигар дорад. Баъдан, аз як нафар пурсидам, ки чаро он мард ин хел ҳайратзада аст? Ӯ гуфт, мардуми мо бори аввал театрро дида ҳайрон шуданд... Ҳоло бовар дорам, ҳозир ман ҳайати кормандон, ки собиқаҳои беш аз 20 солаи корӣ доранд, гирифта ба минтақаҳо барам, шояд касе нашиносад.

- Баъзе аз намоишҳои театриро дар шабакаҳои иҷтимоӣ онлайнӣ нишон медиҳанд. Намоиши онлайнии намоишҳои театрӣ ба фикри шумо ба фоидаи кор аст?

- Онлайн барои синамо қабул аст, вале барои театр - нодуруст. Бо ин тарз мардум тамоман ба театр намеоянд. Тамошобин вақте ба театр меояд, нафаси ҳунармандро мефаҳмад, ҳамнафас мешавад, ҳамдард ва ҳамғам мешавад, хурсанд мешавад, пасон барои худаш хулоса мебарорад. Ин эҳсоси тамоман дигар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.