Дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати мошинҳои боркаши калонҷҳаҷм муваққатан манъ карда шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати байнулмилалии Innovative Road Solutions (IRS), ки масъули нигаҳдориву хидматрасонӣ ба ин роҳ аст.

Ба иттилои манбаъ, дар километри аз 10 то 73-юми роҳи Душанбе - Чаноқ боришоти пуршиддати барф ба қайд гирифта шудааст.

“Тамоми шаб роҳ аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард шуда, ҳоло ҳаракати нақлиёти сабукрав имконпазир аст. Барои фураҳо ва дигар мошинҳои калонҷҳаҷм роҳ баста аст”, - гуфтанд дар филиали ширкат.

Зикр шуд, ки ҳаракати баъзе аз навъҳои нақлиёт бо мақсади пешгирии ҳолатҳои танбашавӣ дар ин роҳ маҳдуд шудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон барф борида истодааст.


Дар ин робита тибқи маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, дар роҳҳои мошингард фаромадани тармаҳо аз эҳтимол дур нест.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то 9 декабр дар қаламрави кишвар обуҳавои хунук пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо борон ва барфи тар борида, дар доманакӯҳ ва кӯҳҳо пуршиддат боридани барф дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.