Охири ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо нашри як эълон ба аҳолӣ ҳушдор дод, ки ба навори тарғиботӣ оид ба ҷудо гардидани маблағ аз ҷониби ширкати русии “Газпромнефт” ба сокинон Тоҷикистон бовар накунанд.
Ба таъкиди ин ниҳод чунин навор “аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили қаллобони номаълум бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ... дар сомонаҳои иҷтимоии “Фейсбук” ва “Инстаграм” нашру паҳн мешавад”.
“Бинобар ин аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати ба доми қаллобон наафтидан аз ҳамкорӣ бо шахсони ношинос худдорӣ намоянд”, - ҳушдор додааст ВКД.
Дар навори таблиғотие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давоми беш аз як моҳ мечархад, гуфта мешавад, ки раиси раёсати ширкати «Газпром» дар якҷоягӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва парлумони Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаи микросармоявиро оғоз намудаанд, ки баҳри ба даст овардани фоида тавассути сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ, асъорӣ ва ғайра нигаронида шудааст.
Гуфта мешавад, ки “акнун дар асоси ин барнома ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонд, ки то 3 ҳазор доллари америкоиро дар як моҳ ба даст биёранд”.
Ба таъкиди онҳо кафили барномаи мазкур парлумон ва Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, даромади муътадил ва зиёдро барои ҳар як иштирокчӣ ё шаҳрванд кафолат медиҳанд.
Дар идомаи навори мазкур чанд нафар, ки чеҳраашон ба тоҷикон монанд несту онҳо ҳамчун иштирокчиён-шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд, дар робита ба натиҷаи ҳамкориашон бо ин барнома сухан мекунанд.
Яке аз онҳо ки чеҳраи туркӣ дорад, мегӯяд бо гузашти чор моҳ ӯ тавонист соҳиби хона шавад. Маълум нест, ки ӯ чӣ гуна ба ин барнома шомил шуда, аз кадом даромад соҳиби хона шудааст. Ба эҳтимоли зиёд навор аз дигар платформаҳо гирифта ба ин навор пайваст (монтаж) шудааст.
Чанд нафари дигар бо чеҳраи славянӣ дар бораи соҳиби мошину хона шуданашон суҳбат мекунанд, вале маълум нест, ки дар асоси кадом ҳамкорӣ ва даромад онҳо соҳиби чунин дороӣ гардидаанд.
Қаллобон дар поёни навор ба истифодабарандагон линки сомонаро пешниҳод мекунанд ва таъкид менамоянд, ки муфассалтар аз он метавон маълумот пайдо кард. Вале вақте ба ин сомона ворид мешавед, дар робита ба мушаххасоти барномаи мазкур ҳарфе нест.
Сомона бо номи “Оҷонсии консалтингии Тоҷикистон” оро дода шуда, дар он гӯё хидматрасониҳое мисли таҳияи ҳуҷҷат ва кӯмаки ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад.
“Шарти асосие, ки ба “Газпром” имкони афзоиши пардохтҳоро медиҳад, ин вазъияти хеле мувофиқ дар тиҷорати газ дар Аврупо дониста мешавад. Нархҳо дар маркази TTF тақрибан 260 доллар барои як ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳанд, ки баландтарин аз соли 2018 ба ҳисоб меравад”, - гуфта шудааст дар сомона.
Ҳамчунин, дар он бахши алоҳидаи хидматрасониҳо мавҷуд аст ва вақте ба онҳо пахш мекунед, ҳамаи онҳо ба бахше мебаранд, ки бояд маълумоти шахсии хеш, аз ҷумла ному насаб ва рақами телефони худро бояд ворид кунед.
Дар зер ҳамчунин рақамҳои телефон ва почтаи электронӣ низ ҷой карда шудааст, вале рақам ва почтаи электронӣ кор намекунанд.
Иттилои номувофиқ, суроғаҳои нодуруст ва навори пур аз иштибоҳу дигар камбудиҳо дар навору сомона далели он ҳастанд, ки он аз сӯи қаллобон омода гардида, ҳадафшон танҳо ба даст оврадани маблағи ҳангуфт бо роҳи фриеб аст.
Дар гузашта ҳам қаллобон бо истифода аз номи ширкатҳо ва шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла аз номи ширкатҳои “Тойота”, “Беко”, бонки “Эсхата” ва шахсиятҳое, чун шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ сокинонро фиреб медоданд.
Аз ҷумла, дар моҳи октябри соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилои фейкие мечархад, ки гӯё бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия 12 ҳазору 130 рубли русӣ кӯмаки пулӣ дода мешавад. Дастандакорони ин фейк аз истифодабарандагон хоҳиш мекарданд, ки барои гирифтани маблағ 830 рубл (комисияи интиқол) пардохт карда, рақами корти бонкии худро ворид кунанд. Санҷиши мо маълум кард, ки ин иттилоъ фейк аст.
Дар робита ба ин фейк низ мақомоти Тоҷикистон аҳолиро ҳушдор дода буданд, вале то кунун дар бораи боздошти ягон нафаре бо иттиҳоми даст доштан дар сохтан ва паҳн кардани ин силсилаҳои қаллобӣ гузориш нашудааст.
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод
“12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод
Шабакаҳои тақсимоти барқ: Маҳдудияти интиқоли барқ давоми ду рӯзи оянда бекор мешавад
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста