Чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре баҳс мешавад, ки гӯё дар Тоҷикистон тавлиди телефонҳои мобилии ватанӣ бо тамғаи “Vero” оғоз шудааст. «Азия-Плюс» то куҷо дуруст будани ин хабарро фаҳмид.

Бояд гуфт, ки дастгоҳи мобилӣ навъе аз технологияи пешрафта аст ва мутаассифона, Тоҷикистон дар ин бахши истеҳсолот то ҳол ақиб мондааст. Бо пошхӯрии СССР кишвар тамоми имкониятҳоро дар ин самт – аз захираҳои инсонӣ то иқтидори истеҳсолӣ аз даст дод.

Ниҳоде, ки масъулияти тавлиди дастгоҳҳои мобилӣ ё дигар навъҳои маҳсулоти технологиро бар ӯҳда дорад, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аст. Намояндагони ин мақомот мегӯянд дар бораи истеҳсоли телефонҳои мобилии ватанӣ бори аввал мешунаванд.

"Мо бори аввал дар ин бора маълумот мегирем. Шояд ин шӯхии касе бошад ё шояд яке аз соҳибкорон нақшаи роҳандозии истеҳсолотро дошта бошад ва ба мо нагуфтааст, аммо ба ҳар ҳол, ҳар як истеҳсолкунанда бояд ақаллан вазорати моро огоҳ кунад”, - гуфтанд дар вазорат ба “Азия-Плюс”.

Таъминкунандагони асосии дастгоҳҳои мобилӣ дар бозори Тоҷикистон, яъне паҳнкунандагон ва фурӯшандагони телефонҳои мобилӣ низ дар ин хусус ҳеҷ маълумоте надоранд.

“Дар ин бора бори аввал мешунавем. Аз як тараф, ин хабари хуш аст, аммо мутаассифона, ин дуруст нест. Агар яке аз соҳибкорон нақшаи таъсиси истеҳсолотро дошта бошад, албатта мо аввалин шуда аз он огоҳ мешудем”, - гуфт яке аз соҳибкорон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.