Шаҳрвандони хориҷие, ки дар соҳаи сохтмони Русия машғули кор буданду барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар хориҷ шудаанд, бояд барои баргаштан бо мақсади кор имкони афв пайдо кунанд.
Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, ин пешниҳод рӯзи панҷшанбе аз ҷониби президенти Иттиҳодияи миллии сохтмончиён (НОСТРОЙ) Антон Глушков садо додааст.
“Фикр мекунам, ҳоло вақти таҳияи механизмҳои ба истилоҳ афви қувваи кории хориҷӣ расидааст, ки аз қаламрави Русия ихроҷ шудааст. Зеро ин нерӯи кории хориҷӣ лозим буда, онҳо аллакай таҷриба ва малакаҳои кор дар Русияро доранд”, - иброз доштааст Глушков ба рӯзноманигорон.
Ба гуфтаи ӯ, шумораи муҳоҷироне, ки барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ихроҷ шудаанд, хеле зиёд буда, танҳо дар Тоҷикистон қариб 0,5 млн нафарро ташкил медиҳад.
“Ҳарчанд қонушиканиҳо гуногун бошанд ҳам, аксари онхо парвандахои маъмурӣ мебошанд, масалан, напардохтани ҷарима ё риоя накардани реҷаи будубош дар каламрави Русия”, - гуфтааст вай.
Глушков ҳамчунин изҳор доштааст, ки аллакай таҷрибаи судие роиҷ мешавад, ки мувофиқи он шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи ихроҷ ба додгоҳ шикоят бурда, ҳуқуқи баргаштан ба Русияро барои истифодаи меҳнати худ мегиранд.
Роҳбари иттиҳодияи бинокорон таъкид доштааст, ки соли 2022 дар Русия ҳудуди 6,5 млн нафар ба бинокорӣ машғул шуда, бо назардошти ҳадафҳои рушди соҳаи сохтмон, соли 2030 шумори онҳо бояд то 8 млн нафар зиёд шавад.
Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 40%-и хатмкунандагони муассисаҳои таълими соҳаи сохтмони Русия бо ихтисоси гирифтаашон кор мекунанд.
Бино ба маълумоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав, соли 2022 кормандони ин ниҳод ба 28,5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ вуруд ба ин вилоятро манъ карданд.
Тибқи маълумоти ВКД Русия, нисбат ба соли 2021 дар зарфи 11 моҳи соли гузашта шумори ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда 10% афзуда, тайи 5 соли ахир ин нишондиҳанда баландтарин аст.
Ҳушдор ба ҷаҳон ва таъсиси хилофат. Изҳороти Амири Толибон чӣ паём дорад?
Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро зиёд карда, содироти онро кам мекунад
Толибон эълон карданд, ки теъдоди артиши худро то 200 ҳазор сарбоз афзоиш медиҳанд
Биноҳои обод гарданд хароб... Маҷмааи Истиқлоли шаҳри Хуҷанд кай обод мешавад?
Зироати ғалладона дар Қазоқистон ва Русия арзон шуд. Дар Тоҷикистон ҳам мешавад?
Тоҷикистониёнро дар моҳи апрел чӣ гуна обуҳаво интизор аст?
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Душанбе меояд
Роҳандозии хатсайрҳои ҳавоии Nordwind ба Душанбе аз Оренбург ва Самара
Пас аз боздошти журналисти “The Wall Street Journal” Амрико аз шаҳрвандонаш хост, Русияро тарк кунанд
“Муҳофизи Норак”. Раисе, ки маоши худро ба муаллимон медод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста