Таҷлили ҷашни 80-солагии Ҷӯрабек Муродов, тағйири чеҳраи пайракаҳо, бо манзили зист таъмин накардани ҳунармандон ва ба чорабиниҳои давлатӣ даъват нашудани ҳаҷвнигорон мавзуҳои муҳим дар нишасти Вазорати фарҳанги кишвар буд.

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 30-юми январ баргузор гашт, аз фаъолияти ниҳоди зери роҳбарияш натиҷагирӣ намуда ба суоли хабарнигорон посух дод.

Ӯ ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” дар хусуси таҷлили 80-солагии Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи мардуми СССР гуфт, “ҳунармандро ба ҷашни 80-солагиаш табрик гуфтаанд”.

“Вазорати фарҳанг ба ҷашни 80-солагии Ҷӯрабек Муродов мактуби табрикотӣ ирсол кард ва дар як вохӯрӣ дар Мактаби мусиқавии Миратулло Атоеви Душанбе ӯро табрик гуфт”, - гуфт Давлатзода.

Ҳамчунин, ӯ афзуд, ҷашни 80-солагии ин ҳунарманд дар вилояти Суғд баргузор шуд.

Бояд гуфт, ки 24-юми декабри соли 2022 Ҷӯрабек Муродов 80-сола шуд ва як рӯз пеш аз ин сана, 23-юми декабр, ӯ дар шаҳри Душанбе солгарди худро таҷлил намуд.

“Ҳеҷ монеае гузошта нашудааст”

Дар ҳамин ҳол, вазири фарҳанг ба суоли дигари хабарнигори “Азия-Плюс” дар робита ба даъвои баъзе аз ҳаҷвнигорон оид ба даъват нашудан ба чорабиниҳои давлатӣ гуфт, “ба саҳнаҳои ҳаҷвӣ ҳеҷ монеае гузошта нашудааст”.

“Дар чорабиниҳои расмие, ки аз ҷониби вазорати фарҳанг ба саҳна гузошта мешавад, саҳнаҳои ҳаҷвӣ пешбинӣ шуда, ҳаҷвнигорон даъват мешаванд ва дар ин робита ҳеҷ монеае гузошта нашудааст”, - гуфт Давлатзода.

Ӯ мушаххас нагуфт, ки вазорат дар кадом чорабиниҳои давлатӣ ҳаҷвнигоронро даъват кардааст.

Чанде пештар ҳаҷвнигорон шикоят доштанд, ки дар чорабиниҳои расмӣ саҳнаҳои ҳаҷвӣ ба намоиш гузошта намешаванд ва онҳоро ба чорабиниҳои давлатӣ даъват намекунанд.

Чеҳраи пайкараҳо назорат мешаванд

Дар робита ба пайкараҳое, ки дар чанд вақти ахир бо дигар шудани чеҳраҳояшон боиси баҳс шуда буданд, Зулфия Давлатзода гуфт, “дар ин робита вазорат ҳамкориашро бо Кумитаи меъморӣ ба роҳ мондааст ва ҳеҷ гуна мусаввара бидуни машварати мо сохта намешавад”.

Озар Орифӣ

Орифӣ Озар, сардори Раёсати муассисаҳои фарҳангии вазорати фарҳанг, дар ин робита гуфт, “онҳоро мусавварасозони гуногун ба завқу табъи худ метарошанд”.

“Шояд баъзе дигаргуниҳои дар чеҳраву либоси шахсияти пайкараҳо эҳсос шуда бошад, аммо дар робита ба тағйри ҷиддӣ вазорати фарҳанг аҳамият медиҳад ва намегузорад, ки ин гуна нофаҳмиҳо пеш ояд”, - таъкид кард Орифӣ Озар.

Хона барои ҳунармандон

Зулфия Давлатзода дар нишасти матбуотӣ ба мушкили таъмини манзили зисти фарҳангиёни тоҷик ҳам посух гуфт.

“Ба ҳунармандоне, ки дар бахши фарҳанг кор мекунанд, хобгоҳи нав сохта мешавад. Барои ҷудо гардидани замин ба шаҳрдории Душанбе маводҳои лозима фиристода шудааст”, - гуфт вазир.

Ӯ дар робита ба таъмин накардани ҳунармандон бо манзили зист гуфт, дар назди вазорат се хобгоҳ ҳаст, ки кормандони бахши фарҳанг дар он зиндагӣ мекунанд.

"Вазорати фарҳанг кормандони бахши фарҳангро бо се хобгоҳ таъмин кардааст ва дигар ҷой надорад, мо наметавонем онҳоро аз хобгоҳ берун кунем", - афзуд Давлатзода.

Аммо ба гуфтаи ӯ, дар оянда 8 нафаре, ки ба вазорати фарҳанг рабт надоранд, аз хобгоҳҳои зери тобеи вазорати фарҳанг бароварда мешаванд.

Зулфия Давлатзода таъкид кард, ки ин корро ба суд анҷом медиҳад ва дархостҳои лозима ирсол шудааст.

“Мардони мо айни замон белибос намондаанд”

Ҳамчунин, вазири фарҳанг дар нишасти матбуотии имрӯза перомуни таҳияи сару либоси тавсиявии мардона гуфт, он пешбинӣ шудааст ва вобаста ба ин мутахассисон кор карда истодаанд.

“Мардони мо айни замон белибос намондаанд. Ҳама сару лисоби мепӯшидаи худро медонад. Ҳоло дар таҳияи либосҳои тавсиявии мардона корбарӣ рафта истодааст”, - афзуд Зулфия Давлатзода.

Бояд гуфт, соли 2017 Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар Тоҷикистон дастурамале таҳия шудааст, ки намуди либоси духтарону занонро дар фаслҳои сол, ҷашну идҳо ва маросими дигар танзим мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Зулфия Давлатзода перомуни таҳияи либосҳои тавсиявии мардона дар нишасти матбуотии соли гузашта хабар дода, он вақт ҳам гуфта буд, дар ин робита “корбарӣ рафта истодааст”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.