Муқим Ашӯров,сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон имрӯз, 2-юми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, оид ба шиканҷа шудани рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз расонаҳо огоҳ шудааст, аммо касе аз наздикони рӯзноманигори маҳкумшуда ба ниҳоди зери роҳбарии ӯ муроҷиат накардаанд.
“Новобаста ба ин, мо нақша дорем давоми моҳи равон далели мазкурро санҷиш намоем”, - гуфт Муқим Ашӯров.
Бояд гуфт, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, яке аз чаҳор рӯзноманигори тоҷик, ки тобистони соли ҷорӣ бо гумони даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм боздошт гардида буд.

Моҳи декабри соли 2022 Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, 7 сол равонаи зиндон гардид.
Дар ҷараёни мурофиа, ӯ бо ирсоли номае аз дохили зиндон шикоят кард, ки аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа қарор дошт, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти тафтишотиро ба дӯш бигирад.
Гуфтан ба маврид аст, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, корманди собиқи радиои давлатӣ замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, шикоят намуд, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.
Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки баъди боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигорони дигари маҳкумшудаи тоҷик садояшро баланд кард.
Ҳушдор ба ҷаҳон ва таъсиси хилофат. Изҳороти Амири Толибон чӣ паём дорад?
Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро зиёд карда, содироти онро кам мекунад
Толибон эълон карданд, ки теъдоди артиши худро то 200 ҳазор сарбоз афзоиш медиҳанд
Биноҳои обод гарданд хароб... Маҷмааи Истиқлоли шаҳри Хуҷанд кай обод мешавад?
Зироати ғалладона дар Қазоқистон ва Русия арзон шуд. Дар Тоҷикистон ҳам мешавад?
Тоҷикистониёнро дар моҳи апрел чӣ гуна обуҳаво интизор аст?
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Душанбе меояд
Роҳандозии хатсайрҳои ҳавоии Nordwind ба Душанбе аз Оренбург ва Самара
Пас аз боздошти журналисти “The Wall Street Journal” Амрико аз шаҳрвандонаш хост, Русияро тарк кунанд
“Муҳофизи Норак”. Раисе, ки маоши худро ба муаллимон медод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста