Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик, ки ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) гумонбар аст, дар номае аз дохили Боздоштгоҳ гуфтааст, он қадар “заданду кӯфтанду ба барқ монданд, ки мехостам бимирам”.
Як манбаи наздик ба тафтишот нусхаи номаро, ки муаллиф хостааст, ба хотири “ифшои саҳнасозиҳои ҳукумат” расонаӣ шавад, рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ расонд. Нома дастӣ навишта шуда, шахсони огоҳ рӯзи 20-уми октябр тасдиқ карданд, ки дастхат бо нигоштаҳои пешинаи Пирмуҳаммадзода монанд аст. Радиои Озодӣ имкони мустақилона санҷидани онро надорад.
“Изолятсия”, “инқилоб”...
Рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44-сола ва соҳиби чаҳор фарзанд 8-уми июли имсол дар зодгоҳаш, шаҳри Ваҳдат, дастир шуд.
Худаш дар нома навиштааст, аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш бигирад.
“Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам. Дар навор матни навиштаи кормандони УБОП-и ВКД ҶТ-ро дар бораи онки гуё бо раҳбари мухолифон Муҳиддин Кабирӣ дар робитаи доимӣ будаму дар Тоҷикистон инқилобе омода мекарда бошем, зери фишори ҷисмонӣ хондам,” – навиштааст ӯ.
Пайвандонаш рӯзи 9-уми октябри имсол шикоят карда буданд, ки Пирмуҳаммадзода “зери фишор” ба гуноҳ “иқрор кардааст” ва аз мақомот хостанд, онро аз эътибор соқит кунанд.
Мақомот дар гузашта ва ҳоло ба суолҳо дар пайванд ба қазияи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва рӯзноманигорону блогерон ва фаъолони дигари боздоштшуда посух надодаанд.
Аз “нафрат” то дӯстӣ бо Далеру Абдулло
Номаи Пирмуҳаммадзода дар рӯзҳое ба дасти мо расид, ки муҳокимаи парвандаи ӯ паси дарҳои баста ҷараён дорад.
Наздиконаш ҳафтаи гузашта ба мурофиа роҳ наёфтанд. Худаш дар нома гуфтааст, айбномаи зидди ӯ “сохтаву бофта, фармоишӣ ва сиёсӣ” асту ҳадафаш “тарсондани ҷомеаи журналистии тоҷик аз пайомади ошкорбаёнӣ дар васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.”
Пирмуҳаммадзода гуфтааст, мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ӯро ба “нафрати сиёсӣ”, “норозигӣ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумат”, “эҳсосот ҳангоми барномаҳо”, “ҷонибдорӣ аз ақидаи созмонҳои мамнуъ”, “дӯстӣ бо Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ”, “чанд шарҳу лайк”, “нусхаи шеъри “Ҳамин аст, инқилоб”-и сиёсташинос Абдуллоҳи Раҳнамо” муттаҳам кардаанд.
Рӯзноманигори боздоштшуда навиштааст, бисёре аз шарҳу “лайк”-ҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пас аз боздошти ӯ ва мусодираи телефонаш сурат гирифта, танқидҳояш ба маънои эътирози зиддиҳукуматӣ нест.
“Наход, гуфтани камбуди як мансабдори давлатӣ, беназоратӣ ва бемасъулиятӣ дар болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва сӯзишворӣ ин хусумат бошад?” – пурсидааст ӯ.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар номааш гуфтааст, ба мустақилии додгоҳҳо дар Тоҷикистон бовар надорад ва мутмаин аст, ки ҳукмаш “пеш аз боздошт дар долонҳои ҳукуматӣ содир шуда буд”.
“Вале ҳадди ақал чаҳор тифли маъсумам баъди калон шудан бидонанд, ки падарашон на экстремист буд, на ҷинояткор. Балки як рӯзноманигори соддадиле буд, ки мехост фарзандонаш дар ҷомеаи демократӣ зиндагӣ кунанд”, – хулоса кардааст ӯ.
Пирмуҳаммадзода моҳи ноябри соли 2020 ва пас аз як муроҷиати ғайриодияш ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон маъруф шуд. Он замон гуфта буд, аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои зиёди нозирони роҳ ба дод омадааст. Аз он пеш дар радиои “Садои Душанбе” ва расонаҳои вобаста ҳукумат ба кор мекард.
Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то ин дам се нафари онҳо – Муҳаммади Султон ба 7, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Далери Имомалӣ ба 10 зиндон – маҳкум шуданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ба таъқибу таҳдиду фишор хотима дода, рӯзноманигорону блогеронро озод кунад. Мақомот бо мурофиаҳои баста ва ҳукмҳои тӯлонии хабарнигорон посух доданд.
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Садама дар зеристгоҳи баландшиддат як қисми Душанберо бе барқ гузошт
Муфтиёти Русия бисёрҳамсарии диниро иҷозат додааст
Собиқ мураббии “Севиля”-и Испания сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб шуд
Ӯзбекистон мехоҳад барои мардон ҳангоми таввалуди кӯдак рухсатии пулакӣ ҷорӣ кунад. Ин дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Фавқулода суханвар ва чеҳраҳои наву камошно. Муовинони нави Эмомалӣ Раҳмон кистанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста