Масҷиди нави Душанбе, ки бо маблағгузории давлати Қатар сохта шудааст, эҳтимол дар семоҳаи дуввум (апрел-июн)-и соли равон кушода шавад.
Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин хабар дод ва гуфт, дар ин вақт як сафари расмии ҳайати давлатии Қатар низ дар назар аст.
"Эҳтимол бо ширкати ҳамин ҳайат масҷиди нави Душанбе расман боз шавад"-, гуфт Давлатзода дар нишасти хабарии имрӯза.
Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо мусоидати раисҷумҳури Тоҷикистон амалӣ шуд. Ӯ моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба сохтмони он санги асос гузошта буд.
Бунёди ин масҷид дар Душанбе моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, 9 сол идома ёфт. Арзиши лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро ҳукумати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро ҳукумати Қатар ҷудо кард.
Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор мошин иборат аст.
Он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра, ҳамчунин боз 20 манораи хурду калон иборат аст.
Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти динии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.
Муллораҷаб Халифаев ва Наврӯзи Каримзод соҳиби “Ҷоми шаҳрдори Душанбе” шуданд
Убайдулло Раҷабов: Эҷодкор бе озодӣ мемирад
Додситони кулли Тоҷикистон: соли 2022-ум 97 нафар ба Тоҷикистон истирдод шуданд
Давоми 2 моҳ хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 1,3% қимат шуд
Фестивали бозиҳои миллии Душанбе чӣ гуна мегузарад?
Машқгоҳи ҳарбии нав дар Бадахшон дар заминҳои хоҷагии “Помир” сохта мешавад
“Бим ва эҳсоси хатар”. Зиндагии сокинони деҳаи Сомониёни Исфара пас аз шаш моҳи низои марзӣ
КҲФ аз эҳтимоли селфароӣ ва болоравии сатҳи оби дарёҳо огоҳ мекунад
Дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон хост, Хуршед Фозиловро раҳо кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста