Барои таъсиси телевизиони хусусӣ дар пойтахти Тоҷикистон як нафар муроҷиат кардааст, аммо пас аз шиносоӣ бо бастаи ҳуҷҷатҳои дархостшаванда, “барои фикр кардан” рафтааст. Дар ин бора Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 8-уми феврал, хабар дод.
Нуриддин Саид гуфт, барои таъсиси телевизиони хусусӣ бо дархосткунанда шахсан сӯҳбати рӯ ба рӯ анҷом додааст ва феҳристи ҳуҷҷатҳоеро, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ мешавад, ба вай пешниҳод намудааст.
Раиси Кумитаи телевизион ва радио аз нафари дархосткунанда ном набурд, вале гуфт, ки “аз он шахс хоҳиш кардам, ки ҳаракат кунед, фарогирии телевизиони таъсисмедодаи шумо ҳам дар Душанбе ва ҳам дар ҳудудҳои сарҳадии Тоҷикистон бошад”.
“Мо минтақаҳое дорем, ки воқеан ба телевизиони бо забони давлатӣ фаъолият мекарда эҳтиёҷ доранд. Бисёр хурсанд шудам аз ин пешниҳод. Он кас ҳоло рафтанд, ки фикр кунанд. Баргашта, ки омаданд, “ҳа” ё “не”-ашонро мегӯянд”, - гуфт Нуриддин Саид.
Бояд гуфт, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 14 телевизиони давлатӣ ва 18 телевизиони хусусӣ дар манотиқи гуногун кишвар фаъолият мебаранд, аз ҷумла дар пойтахти кишвар низ телевизиони хусусии СМТ фаъол аст, аммо ягон телевизиони хусусии умумимиллӣ нест.
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Як мард барои лату кӯби собиқ ҳамсараш дар ҷустуҷӯи мақомот аст
Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд
Пайомадҳои заминларза дар Тоҷикистон: се нафар захмӣ ва беш аз 60 чорво нобуд шудаанд
Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода мешавад
"Роҳбари салафиҳои Тоҷикистон" дубора зиндонӣ шудааст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста