Дар Тоҷикистон фурӯши доруҳои “ДОК-1” ва “Док-Макс” расман манъ карда шуд. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 10-уми феврал, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, аз дорувории мазкур ягон шикоят ба вазорат ворид нагардидааст ва оризае низ ба қайд гирифта нашудааст.
Вазир зикр намуд, ки айни ҳол доруҳои мазкур аз фурӯш гирифта шуда, ба фурӯш баровардани онҳо манъ карда шудааст.
Бояд гуфт, қаблан аз Хадамоти назорати давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки дар муассисаҳои савдои фармасевтӣ дар ҷумҳурӣ 208 адад дорувории “Док-1 MAX” (100 мл) шарбат ва 269 ҳаб “ЕД Док-1 No10” муайян карда, онҳо барои санҷиши назоратӣ ба лаборатория супурда шуданд.
Вале дар нишасти имрӯза гуфта нашуд, ки баъди санҷиши лабораторӣ дар таркиби ин доруҳо чӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки шарбати сулфа дар се кишвар боиси марги беш аз 300 нафар шуда буд. Танҳо дар Ӯзбекистони ҳамсоя 20 кӯдак аз ин дору ҷон бохтанд. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аксари фавтидагон кӯдакони то панҷсола мебошанд.
Ширкати ҳиндии Marion Biotech (истеҳсолкунандаи ин доруҳо) аз авоили солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то ба имрӯз дар Тоҷикистон бар асари истеъмоли доруҳои ин ширкат касе осеб надидааст.





Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста