Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода изҳор дошт, ки дар масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ бо Қирғизистон пешравиҳо ҳаст.

“Аз ҳама муҳимаш байни ҷонибҳо ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад”, - зикр кард ӯ зимни нишасти матбуотии рӯзи 15 феврал.

Ба иттилои ӯ, дар соли 2022 дар доираи кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлати гурӯҳҳои корӣ бо бо намояндагони Қирғизистон 7 ҷаласа баргузор намуданд.

Бо ишора ба тавофуқи дуҷониба дар бораи ифшо накардани маълумот то анҷоми гуфтушунидҳо, ӯ аз натиҷаҳои ин ҷаласаҳо маълумот надода, танҳо зикр кард, ки имсол ҳам кор давом дода мешавад.

“Намояндагони комиссия ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам дар қаламрави Қирғизистон вохӯриҳо баргузор мекунанд”, - гуфт Хоҷазода ва изҳори итминон кард, ки мушкил роҳи ҳалли худро меёбад.

Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ аз 3 то 9 феврал дар Бишкек баргузор гардид.

Аз натиҷаи вохӯрӣ протоколҳои дахлдор ба имзо расиданд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд. Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои корӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Моҳи декабри соли 2022 пас аз вохӯрии ҳайтаҳо дар Ботканд зикр шуд, ки ҷонибҳо “тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд.

Масофаи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил дода, пас аз пошхӯрии давлати Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) расмиёти таъйину аломатгузории он то ҳол ба охир нарасидааст. Айни замон 460 километри сарҳад байни давлатҳои мувофиқа нашудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.